ТОЗАГИИ НОҲИЯ АЗ ШАҲРВАНДОНИ ОН ВОБАСТА АСТ.

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунии маҳалли зист, мунтазам дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии муассисаи давлатии “Қасри ҷумҳуриявии фарҳангӣ Данғара”  ҳамарӯза шанбегӣ баргузор гардида истодааст. Иқдоми пешгирифтаи ҳизбиёни муассиса дар гирду атрофи муассиса корҳои ободониро амалӣ намуда ва кӯчаву роҳравҳоро тозаву озода мегардонанд.

Барои тозаю озода нигоҳ доштани кучаю хиёбонҳо, боғҳо, роҳраву гулгаштҳо бо ташаббуси директори муассиса Муродализода Ҷамшед ва котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Абдуллозода Сафар қуттиҳои хурди паспартови сарироҳӣ дар мавзеъҳои алоҳидаи ҳудуди ноҳия гузошта шуданд. Ин иқдом дар ноҳия идома дорад ва  аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки барои дар роҳҳои пиёдагарду гулгаштҳо напартофтани ҳар гуна партовҳо худдорӣ намуда, аз қуттиҳои гузошташуда истифода баранд.

Мо шаҳрвандон вазифадорем, ки шаҳрамонро ҳамеша тозаю озода нигоҳ дошта, уҳдадориҳои шаҳрвандиамонро софдилонаву содиқона иҷро намоем.