ДАРХОСТ

оид ба обуна шудан ба нашрияи "Ҳамрози халқ"






ОБУНА БА НАШРИЯИ «ҲАМРОЗИ ХАЛҚ»

МО КӢ ҲАСТЕМ?
Нашрияи «Ҳамрози халқ» - минбари иттилоотии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон буда, маҷмӯи хабарҳо ва маълумотро вобаста ба фаъолияти ҳизб, аз ҷумла татбиқи ҳадафҳои идеологии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва вилоят фаро мегирад. Илова бар ин, тибқи барномаҳои ҳизбӣ шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон бо иттилооти воқеӣ (объективӣ) ва гуногунҷанба мунтазам таъмин карда шуда, иқтидори зеҳнии онҳо ҷиҳати муқовимат ба тазодҳои ҷомеаи муосир ва таҳдидҳои берунаву бегона таҳким бахшида мешавад.

МО ЧӢ КОР МЕКУНЕМ?
Нашрия ҳар ҳафта дар ҳаҷми 8 саҳифа аз чоп мебарояд. Дар ҳолати имрӯза ҳар як шумораи нашрия ба теъдоди 19 ҳазору 200 нусха нашр гардида, ба дасти ҳар як хонандаи худ мерасад. Нашрия аз якчанд рубрикаҳо, ба мисоли «Мавзӯи рӯз»; «Як ҳафтаи ҳизб дар ҷумҳурӣ/ вилоят)»; «Як ҳафтаи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо»; «Дастурдиҳӣ»; «Пешрафти илму техника»; «Арзу шикоятҳо»; «Роҳкушоӣ/панду андарз»; «Фориғ аз ҳама» иборат буда, ҳамчун арзбарор ва ҳамрози мардум фаъолият менамояд ва ба қабули маводҳо аз рӯи мавзуъҳои болозикр доимо омода аст. Нашрияи мо чун хонандаи зиёд дорад, омода аст, ки реклама ва эълонҳоро аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷойгир намояд.

ЧАРО БОЯД БА НАШРИЯ ОБУНА ШУД?!
1. Нашрия / газетаи «Ҳамрози халқ» дар воқеъ ҳамрози мардум буда, дарҳои худро ба қабули ҳама гуна муроҷиатҳо боз намуда, мунтазам мавзуъҳои рӯзмарраи мардумро баррасӣ намуда, ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷомеа ва ҳар як хонандаи худ бо истифода аз иқтидорҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доимо талош меварзад.
2. Дар мамлакат гурӯҳи зиёди аҳолӣ бинобар тангдастӣ ва пурра дастрасӣ надоштан ба иттилооти маҳворавӣ (тамоси интернетӣ) ва ё ба кори саҳроӣ бештар машғул будан аз маълумотҳои радиову телевизионӣ ниҳоят кам бархурдор мебошанд; иттилооти интишорӣ – газета ягона воситаест, ки доимо дастрас буда, аз иттилооти он ҳар вақт метавон бархурдор гардид ва онро метавон муҳлати тулонӣ истифода намуд.

АРЗИШИ ЯК ШУМОРА ЧАНД СОМОНӢ АСТ?
Арзиши обуна ба «Ҳамрози халқ» барои як сол ҳамагӣ 66 (шасту шаш) сомонӣ мебошад, ки ба ҳар шумора, ки аз 8 саҳифа иборат аст, 1,4 сомонӣ мерасад. Ҳафтанома ҳар ҳафта-рӯзҳои панҷшанбе аз чоп баромада, ба дасти хонанда ба суроғаи доимии истиқомат расонида мешавад.

МАБЛАҒИ ОБУНАРО ЧИ ТАВР ПАРДОХТ БОЯД НАМУД?
Маблағи обунаро бо ду усулҳои зерин метавон пардохт намуд :
1. Ба дилхоҳ марказ ва ё нуқтаҳои хизматрасонии «Бонки Эсхата» дар маҳали худ ташриф оварда, ба назди Хазина рафта, ба корманди бонк суратҳисоби зеринро, бо маблағи обуна (66 сомонӣ/як шумора) пешниҳод намуда, иброз менамоед, ки: «Барои обуна ба газетаи «Ҳамрози халқ» Нишонии бонкӣ барои интиқоли маблағи обуна
Қабулкунанда (ташкилот): Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Бонки қабулкунанда: ф-ли ҶСК «Бонки Эсхата дар ш.Бохтар»
Суратҳисоб: 20202972000180000014
РМА: 280003903
Суратҳисоби муросилотӣ: 20402972457071000000
РМБ: 350501707
Ё инки,
2. Ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо, ки дар маркази ноҳия (шаҳр) ҷойгир мебошад, ташриф оварда, ба дилхоҳ корманди ҳизбӣ суратҳисоби зеринро, бо маблағи обуна (66 сомонӣ/як шумора) пешниҳод намуда, иброз менамоед, ки: «Барои обуна ба газетаи «Ҳамрози халқ».