Рейтинги ҳизбӣ

Ҳамчун мехнизми муосири ҳавасмандгардонӣ дар муносибатҳои идоракунӣ дар вилоят Рейтинги ҳизбӣ ҷорӣ гардидааст, ки аллакай маҳсули худро бар бор оварда истодааст.
Асоси ташаккулёбии Рейтинги ҳизбӣ аз ҳидояти Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (2019) бармеояд: «...имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба бознигарӣ ва таҷдиди кор бо мардум, пешниҳод ва татбиқи идеяҳои нави замонавӣ ниёз дорад».
Аз инҷо бармеояд, ки тарзу услуби имрӯзаи кори ҳизбӣ такмил талаб мекунад, то ин ки бо мардум боз ҳам наздиктар шуда, иқтидории зеҳнию амалии сохторҳои ҳизбӣ дар самти татбиқи ҳадафҳои идеологӣ боз ҳам тақвият ёбад.
Рейтинг намуди баҳогузории дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта мебошад, ки иҷрокунандаро барои ба сатҳи нави коргузорӣ боло баромадан маҷбур месозад, аз ҷумла барои такмили дониш, иҷрои саривақтии уҳдадориҳо, бедор намудани завқу рағбат ба фаъолияти касбӣ ва иҷрои пурмаҳсули вазифаҳо ва ҳаракат кардан барои пешсафӣ.
Маҳз рейтинги ҳизбӣ имконият дод, ки имрӯз нишондиҳандаҳои сифатии фаъолият дар вилояти Хатлон аз нав ташаккул ва рушд ёбанд.
Ҳамин тариқ, дар поён рейтинги фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз рӯи 7 нишондиҳандаҳои асосӣ оварда мешаванд. Рейтинг дар асоси омори натиҷаҳои ҳармоҳаи фаъолияти кумитаҳо, ки аз ҷониби масъулони бахши тарғиботу иттилооти кумитаҳо дар сомонаи маҳаллӣ мунтазам (ҳар охири моҳ) ворид карда мешаванд, бароварда мешавад.

Барои маълумоти бештар дар бораи Рейтинги ҳизбӣ ба ин тугма ► зер кунед


Сол ва моҳро интихоб намоед

Рейтинги ҳизбӣ - Апрел 2024

Шаҳру ноҳияҳо ТАНОСУБИ АЪЗОГӢ ТАҲКИМИ УЗВИЯТ ҚАБУЛИ АЪЗО КОРГУЗОРӢ ДАР ТИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБӢ ИНТИШОРИ МАВОД ВА ВОКУНИШҲО МАҲОРАТИ ИДОРАКУНӢ ҲАМАГӢ ХОЛҲО