ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД!

КИВ: Андеша  

       Ҷанги  дуюми ҷаҳон, ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар он миллионҳо сокинони сайёра иштирок намудаанд. Аз ҷумла 300 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар ин мудҳиштарин фоҷиаҳои таърихӣ иштирок намуданд, ки аксарият баҳри ҳифзи меҳан қурбон гардида буданд. Хидматҳои шоистаи  ин мардони майдонро қадр намуда, нишони қадрдонӣ аз мардонагию ҷасорат дар мубориза бар фашизми гитлерӣ ба аскарону афсарони Тоҷикистон бо ордену медалҳои  ҷангӣ мукофотонида шудаанд.

             Фашизми Олмонӣ бар сари мардуми Аврупо ва Осиё фалокатеро бор кард, ки онро башарияти одам асло надида буд. Вай қариб тамоми Аврупоро тасарруф намуда, мувофиқи нақша бояд хоки Ҳукумати Шӯравиро низ пурра тасхир мекард, вале ин нақша барбод рафта, соҳибонаш ба мурод нарасиданд. Фашизми Олмон пурра торумор гардид. Вале дар ин ҷанги хонумонсӯз бисёре аз падару бародарони мо талаф ёфтанд, аз ҷумлаи шаҳрвандони тоҷик. Бархеҳо бедарак гаштанд, ки то ҳол дар оилаҳо бобоён ва падарони беному нишонро фарзандон чашм ба роҳ интизоранд. 

Мутаъсифона  ин ҷанг чор сол давом кард ва занон маҷбур шуданд, ки ба ҷои мардон ҳатто тракторчӣ шаванд. Аксарияти онҳо кулли рӯз дар саҳрои пахта, чобуқу обмонӣ карда, шабҳои маҳтобӣ бо дос ғалла медаравиданд. Ҳатто дар ин ҷанги хонумонсӯз занон низ дар фронт ба сифати робитагӣ, тирандозӣ, телеграфист ширкат варзиданд, дар майдонҳои набард шуҷоати беҳамто нишон доданд. Садҳо модарон бепарастор ва кӯдакон ятим монда буданд. Солҳои мудҳиш барои ҳар як оила буд, ҳатто гурӯснагӣ мардумро таҳдид мекард. Воқеан ҳам тамоми миллатҳо,  сокинони кишварҳо баҳри таъмини Ғалаба саҳмгузор буданд. Армияи Советиро  бо хӯрока, либоса ва дигар  лавозимоти ҷангӣ таъмин намуда, то охирин дорои худро баҳри Ғалаба нисор мекарданду бесаброна интизори рӯзи Ғалабаи Армияи Советӣ аз болои  Германияи Гитлерӣ буданд.

Вале мардуми мо ба ҳамаи душвориҳои гарони замони ҷанг тоб оварда, оқибат ба муроди хеш расиданд. Бисёр занону модароне, ки дар ақибгоҳ меҳнати диловарона ва  барои Ғалаба саҳмгузорӣ карда буданд, бо мукофотҳои ҳукумати сарфароз гардонида шуданд.

Иттиҳоду якдилии миллатҳои гуногуни кишварҳои бародар буд, ки мо ҳуҷуми ногаҳонии фашистону иттифоқчиёнашро баргардонида, онҳоро саркӯб карда тавонистанд.

Боиси хушнидӣ аст, ки бахшида ба рӯзи Ғалаба, бо қарори Раиси шуҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945, шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфароз гардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ кор кардааанд, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Неругоҳи  барқӣ  - атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти Конститутсионӣ ҳалок гардиданд, бахшида ба солгарди 79 – уми Рӯзи Ғалаба бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Тибқи қарорҳои дахлдор, аз фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе барои ҳавасмандгардонии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузарги Ватании солҳои 1941 – 1945, ба ҳар кадоме ба андозаи 3000 (се ҳазор) сомонӣ, ба шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ  кор кардаанд, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар  қаламравӣ давлатҳои дигар (Афғонистон) маъюбони садамаи  Неругоҳи барқӣ атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти Конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар кадоме ба андозаи 800(ҳаштсад) сомонӣ кӯмак расонида  мешавад. Сокинони Тоҷикистон хотираи онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштаанд, яъне ҷони худро ба хотири озодӣ ва истисмори фашистӣ қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намекунанд ва эҳтироми онҳоро, ки ба пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷо меоранд.

Сайдуллозода  Акобир Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ  ва кор бо кадрҳо