Роҳҳои ҷалби хонандагон ба китобхонӣ ва китобхона

Фархор: Андеша  

Китоб аниси кунҷи танҳоӣ ва фурўғи субҳи доноӣ барои шахси китобхону китобдўст мебошад. Китоб, рафиқи мувофиқ ва ҳамдами содиқу носеҳи беминнат аст. Масъалаи китобу китобхонӣ яке аз масоили муҳими ҷомеа дар ҳама давру замон ба шумор мерафт. Аз қадимулаём миллати тоҷик китобхонӣ ва касби илму донишро аз вазоифи аввалинидараҷа ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти худ шуморида, ба наслҳои баъдӣ фақат китобро ба мерос гузоштанд. Имрўз дар ҳар сафҳаи китоб метавонем қисмате аз таърихи пурифтихор ва бурду бохти миллати тоҷикро мушоҳида кунем. Роҳҳои ҷалби хонандагон ба китобхонӣ аз масъалаҳои доғи ҷомеа мебошад, вале ин масъала бештар ба китобхонии бузургсолон иртибот мегирад ва нисбат ба хурдсолон махсусан хонандагони мактабҳои миёна ва муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи камтар зоҳир карда мешавад. Донишмандон ва андешамандони гузашта ва имрўза дар мавзўи роҳҳои ҷалби хонандагон ба китобхона ва китобхонӣ асарҳои арзишманд эҷод намуда, роҳу усулҳои зиёдеро барои ҷалби наврасон ба китобхонӣ пешниҳод кардаанд, ки дар ин ҷо доир ба баъзе равишҳои асосӣ ва таҷрибашудаву судманд, изҳори андеша хоҳем кард:

Мувофиқи ақидаи донишмандон аввалин ниҳоди таъсиррасон дар масъалаи бедор кардани ҳисси китобдўстиву китобхонӣ, ин оила ба ҳисоб меравад. Хонавода кўчактарин воҳиди ҷамъият аст, ки дар шаклгирии зеҳнияти кўдак нақши босазо дорад. Нақши хонавода дар одаткунонии кўдак ба мутолиаи китоб аз гаҳвора оғоз шуда, аллаи модар аввалин пайванддиҳандаи кўдак ба адабиёт ба шумор меравад. Муҳити фарҳангии оила, китобхонии худи падару модар дар зеҳни кўдак таъсири амиқ дошта, махсус гардонидани як гўшаи хона барои ҳифзи китоб ва бурдани кўдак ба мағозаҳои китобфурўшӣ махсусан китобхонаҳо ва ташвиқи кўдак ба дастрасӣ ва мутолиаи китоб аз таъсироти чашмраси хонавода дар инкишофи маънавияти кўдак ба ҳисоб меравад. Мактаб дувумин макони тарбияи инсон аст, ки кўдак усул ва қоидаҳои хондан ва навиштанро дар онҷо меомўзад, то битавонад бидуни кумаки омўзгорон ва волидайн худаш матолиби китобро бихонад ва бифаҳмад. Кўдак ба далели ҳамин дигаргунии бузурге, ки дар худ эҳсос мекунад, хоҳиши зиёде ба мутолиа дорад ва ҳар лаҳза мехоҳад бештар  ба дунёи пуррамзу рози даруни китобҳо ошно шавад. Барои бисёре аз кўдакон мактаб аввалин маконе аст, ки онҳоро бо хондан ва навиштан ошно мекунад, зеро ё ба сабаби камсаводии худи падарону модарон ё ба сабаби одат надоштан ба мутолиа, кўдакон фурсати таҷрибаҳои муфиди хондан дар хонаводаҳоро намеёбанд. Аз ин рў муҳимтарин вазифаи мактаб тарроҳӣ ва пайдо кардани барномаи омўзишӣ ва парваришии дуруст мебошад. Барномаи дурусти таълимӣ дар инкишоф ва рушди илмомўзии кўдакон саҳми назаррас дорад. Таъсири омўзгори донишманду некахлоқ низ хеле чашмрас мебошад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар аксари ҳолатҳо омўзгорон ва хонандагон ба барномаи таълимӣ ва танҳо ба китобҳои дарсӣ пойбанд шуда, берун аз барномаи таълимӣ бо омўзиши мустақилона машғул намешаванд, ки боиси нигаронӣ мебошад.

Аз масоили дигари муассир дар ҷалби хонандагон ба китобхона, ин ҷойгоҳи китобхона ва китобдор дар рушди илму дониши хонандагон мебошад. Китобхона маконест, ки дастрасӣ ба дониш ва иттилоот ва асарҳоро аз тариқи гурўҳи бузурге аз манбаъҳо ва хадамот фароҳам меоварад ва барои ҳамаи одамон новобаста аз нажод, миллат, ҷинс, дину мазҳаб ва ғайра хизмат мерасонанд. Дар навбати худ китобдорон низ дар бедорсозии шавқу рағбати хонандагон таъсиргузор ҳастанд. Вазифаи китобдор пеш аз ҳама муносибати хуб бо хонанда ва кумаку дастгирӣ дар пайдо намудани маводи лозима ба хонанда мебошад.

Нақши давлат низ дар ин ҷода бориз мебошад, зеро вазифаи давлат пеш аз ҳама муҳайё намудани тамоми шароити илмомўзӣ ва таъмини китобхонаҳои муассисаҳо бо тамоми маводи зарурӣ ба ҳисоб меравад. Хушбахтона, дар кишвари азизи мо ин масъала то андозае ҳалли худро ёфтааст.

Аз роҳҳои дигари ҷалби хонандагон ба китобхона, ин ташкил намудани чорабиниҳои гуногуни илмӣ ва фарҳангӣ аз ҷониби омўзгорон ва китобдорон мебошад. Барои ҷалби хонандагон ба китобхонӣ бояд ба таври доими дар китобхонаи муассиса маҳфилҳои шеърбарак, китобхони беҳтарин, маҳфилҳои саволу ҷавоб ва ғайра доир карда шавад, то завқи хонандагон ба китобу китобхонӣ бештар карда шавад.