РАФТИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ДАР КӮЛОБ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, оилаи Одинаевҳо роҳои дохилии деҳаи Гулбоғи ҷамоати деҳоти Зиракиро сангфарш намуд, ки дар ин иқдом сокинон низ фаъолона иштирок намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки сокинон иқдому ташаббусҳои бунёдкоронаи ин оиларо бахусус, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Одинаева Ситора Рустамовна якдилона ҷонибдорӣ карданд ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи комил баҳри ободию тозагии маҳали хеш дастаҷамъона баромада, барои ободии диёри хеш саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Боиси зикр аст, ки чунин ташабусҳои созанда ва иқдомҳои хайрия аз ҷониби ин оила дар арафаи иду ҷашнҳои милливу давлатӣ пайваста роҳадозӣ гардида, бо ин васила дар амалигардонии сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самгузорӣ менамоянд.