БАРГУЗОРИИ АКСИЯ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОР”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар заминаи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба сарсабзу хуррамгардонии Ватани азизамон ва саҳм гузоштан дар ободониву зебогии он, дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқгардидаи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аъзоёну ҷонибдорони ҳизбӣ ҳар ҳафта рузи панҷшанбе ба аксияҳои дастаҷамъона баромада дар рафти корҳои ободониву созандагӣ саҳми бо мароми хешро гузошта истодаанд, ки ин навбат кормандони масъули ҳизбӣ дар якҷоягӣ бо кормандони ташкилоти ибтидоии “КФХМК (КЖКП)”-и дар назди бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар ноҳия аксияи тозагӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!” гузарониданд.Дар аксияи мазкур аъзоёни ҳизб бо руҳияи баланди арҷгузори ба Ватан фаъолона ширкат варзида ба тоза намудани гирду атроф аз алафҳои бегона ва рӯбучин намудани назди бино машғул гашта, саҳми худро дар аксияи мазкур гузоштанд. Бояд қайд намуд, ки ин аксияи мазкур ҳар ҳафта рузҳои панҷшанбе аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида мешавад.