ПИЛЛА - АШЁИ ХОМ БАРОИ ТАРАҚҚИЁТИ УСТУВОРИ МАМЛАКАТ!

Кушониён:  

 Пилапарварӣ яке аз самтҳои афзалиятнокӣ соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, ин намуди маҳсулот дар таъмини бозори истеҳсолӣ саҳми созгор дорад. Санаи 30-юми апрели соли 2024 роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯҳониён, аз шароити нигоҳубин ва кори кирмакпарварони як чанд хоҷагиҳои ноҳия дидан намуданд. Бояд қайд кард, ки дар мавсими имсола ба хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия зиёда аз 150 – қуттӣ кирмак тақсим гашта, ҳолати афзоиши онҳо ва нигоҳубинашон хеле хуб арзёбӣ гардида истодааст. Кирмакпарварон нақша доранд, ки афзоиши зиёди пилла истеҳсол намоянд. Дар парвариши кирми пилла саҳми хоҷагидорони, ва дигар занони фаъоли ҷамоати шаҳраки Бохтариён арзанда мебошанд.