КАСЕ, КИ АЗ ПАЙИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ МЕРАВАД, ТЕША БА РЕШАИ ХУД МЕЗАНАД!

КИВ: Вокуниш  

Имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол талош доранд, дар устуворӣ ва таҳкими Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ ҳар чӣ бештар саҳмгузор бошанд. Дар баробари ин бояд тазаккур дод, ки дастовардҳои Ватани маҳбуб дар замони соҳибистиқлолӣ хеле зиёданд, ки ин пешравию шукуфоии Меҳанро бархе аз бадхоҳон, хоинони ватанфурӯш ва душманони дохиливу хориҷии миллату давлат дидан намехоҳанд. Ватанфурӯшони хоин, ки дар давлатҳои хориҷа пинҳон шуда мегарданд, чунин пешравӣ ва шукуфоии мамлакати азизамонро дида наметавонанд ва кӯшиш доранд, ки онро халалдор созанд.

Бо дурӯғу буҳтон ин хоинони миллат дар сомонаҳои иҷтимоӣ аз ҳама василаҳо, бахусус, тӯҳмату таҳқир ва ба ҳар роҳ таъсир расонидан ба афкори мардум саъю талош доранд.

Дастовардҳои бузургеро, ки то имрӯз миллати тоҷик ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дар партави сиёсати Ҳукумати кишвар бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидааст, ҳеҷ фарди солимфикру боинсоф инкор карда наметавонад.

Дар як муддати кутоҳ як сарзамини бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобу валангор гардидаро ободу зебо гардонидан ва пеш аз ҳама ҷангро хотима бахшидану осори онро аз гӯшаву канори мамлакат бартараф намудан кори саҳлу сода нест! Пешвои ободкору созанда ба кадом гӯшаву канори кишвар меравад, он ҷо ободу зебо мегардад, аҳволи мардум аз сиёсати ободгаронаи ин шахсияти нотакрор рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Ба ин хоинон гуфтаниям, ки Муҳидин Кабирӣ, Иқболи Садриддин, Ҳусейн Ашӯров ва пайравони онҳо! Шумо хоин, бешараф, бенангу беномус будед, ҳастед ва мемонед! Шумо ташкилкунандагони ин ҳизби терорристӣ барои пулу мол шуда, мазҳаби муқаддаси худро фурӯхтаву ба мазҳаби бегона шомил шудаед. Касе, ки аз пайи шумо хоинони миллат меравад, теша ба решаи худ мезанад! Ба маҳкама меравад, ё як умр зодгоҳашро надида, дар хориҷа дар ба дар шуда мегардад. Бархе аз ҷавонони ноогоҳ аз пушти шумо шуда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Фаромӯш накунед, ки миллати сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол симои асосии шумо хоинонро хуб шинохтааст, дигар ба сафсатаҳои дурӯғинатон касе бовар намекунад!

Моро лозим аст, ки сирати зишту нопоки саркардагони ин созмони фитнаангезро ҳарчӣ амиқтару дақиқтар ба мардуми кишвар, бахусус ба ҷавонон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аҳли ҷомеаро аз макру дасисаҳои душманони миллат огоҳ созем. Нагузорем, ки ваҳдату якпорчагии миллат халалдор гардад.

 

Ҳасан Ғуломов – сармутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон