ПАЙРАВОНИ ҲАДАФҲОИ ОЯНДАСОЗӢ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Зиндагиро орзуҳои зебо мубориза барои расидан ба орзуву ҳадафҳо рангину зебо мегардонад. Агар орзуҳо ва интихоби касбу пайроҳаи зиндагии баъзе ҷавонони даврони Истиқлоли Тоҷикистон аз шавқу рағбат ба илму дигар арзишҳои ҳаётӣ сарчашма мегирад, боз ҳам миёни насли хушсалиқаву бедордили даврони саодати миллати тоҷик шахсиятҳое дар зиндагӣ мақому мартабаи худро ёфтаанд, ки ҳамсоли даврони соҳибистиқлолӣ ва замони таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар арсаҳои корзор ба фаъолият пардохта, ҳаммароми ин неруи пешбарандаи ҷомеа рисолатеро дар зиндагӣ интихоб кардаанд.

Каримзода Сабоҳат Хушбахт аз овони 22-солагӣ замоне ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваста буд, ки дар шуъбаи ғоибонаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил дошта, ҳамзамон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии зодгоҳаш-ноҳияи Ёвон аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегуфт.
 

Ба ростӣ оғози баҳори умр, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 ноҳияи Ёвонро бо аттестати аъло хатм карда, тараддуди донишҷӯ шудан доштам, ғарқи ҳавову ҳаваси омӯзгорӣ тасаввур намекардам, ки пайроҳаи зиндагӣ маро ба куҷо мебарад. Гарчанде дар оилаи коргар зодаву ба воя расида бошам ҳам, падару модар дар тарбияи мо фарзандонашон таваҷҷуҳи зиёд дошта, бо баҳои аъло таҳсил карданро пайваста ба мо талқин менамуданд.
 

Замоне дар партави сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар мо ҷавонони фаъол ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваста, ҳисси масъулиятшиносии ҳизбӣ аз меъёрҳои муҳим барои фаъолони ин ҳизб дар ноҳия буд. Ин буд, ки дар пайравӣ аз устодону меҳтарони соҳаи маорифи ноҳия дар баробари аъзои ин неруи сиёсӣ шудан, Оиннома ва барномаҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба такрор аз бар менамудем.
 

Бо мурури солҳо Сабоҳат Каримзода ҳамчун аъзои ҳизбе, ки роҳбариашро Пешвои муаззами миллат ба уҳда дорад, хизмати содиқона ба халқу Ватанро вазифаи муқаддас ва ҳам рисолати худ дар зиндагӣ мешуморад.
Бо ифтихору сарбаландӣ аз нақши Ҳизби Халқии Демок-ратии Тоҷикистон дар такмили рукнҳои давлатдорӣ ва рушду пешрафти ҷомеа, иброз медорад, ки Ҳизби Халқии Демок-ратии Тоҷикистон бо иқдоми дурбинонаи Сарвари ҷавони кишвар дар замоне баарсаи сиёсат омад, ки дар Тоҷикистони  соҳибистиқлол    марҳилаи   барқарорсозии     харобаҳои     ҷангишаҳрвандӣ оғоз ёфта, роҳ-барияти олии кишвар мардуми Тоҷикистон ва муҳоҷирони иҷбориро дар партави сиёсати сулҳҷӯёнаи хеш ба ҳам меовард. Ин буд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ нақши меҳварӣ мебозид.

 

Ба андешаи Каримзода Сабоҳат миллати тамаддунофари тоҷик, ки ҳамчун меросбарони фарҳангу тамаддуни ориёӣ арзишҳои муҳиме амсоли “гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори нек”-ро дар зиндагӣ шиори худ медонистанд, дар ҳама давру замон намунаи ибрат барои ҷомеаи башарӣ ба ҳисоб мерафтанд. Ба бахти мардуми Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи таъмини сулҳу субот дар кишвар ва роҳнамоии мардум ба иқдомҳои бузурги ободониву созандагӣ, ҳамзамон расму оин ва фарҳангу маданияти миллиро дубора эҳё намуда, ба тарғибу муаррифии арзишҳои фарҳангии мо Тоҷикистонро дар арсаи олам муаррифӣ намуда истодааст.
 

Маорифпарварони асиле ба монанди Сабоҳат Каримова дар пайравӣ аз иқдомҳои ояндасози роҳбарияти олии кишвар саъю кӯшиш мекарданд, ки дар раванди таълиму тарбияи насли наврас ва шаклгирии афкори умум ҷиҳати обрӯву эътибори омӯзгор дар ҷомеа  саҳми арзандаи худро гузоранд.
 

Самараи заҳмату талошҳои пайвастаи ӯ дар ҷодаи таълиму тарбия буд, ки соли 2005 замони сарварии Литсейи №1 ноҳияи Ёвонро дар зимма доштанаш ба ҳайси номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон пешбарӣ гардид. Ҳамин тавр, дар интихоботи ҳамон сол бо раъйи бештари интихобкунандагон намояндаи халқ дар Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон интихоб гардид. Давоми солҳои 2015-2020 ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон дар татбиқи барномаву стратегияҳои вобаста ба соҳаи маориф ва маънавиёт фаъолнокӣ нишон дода, бо маърузаҳои таъсирбахшу пешниҳодҳои ҷолибаш ҷиҳати ҳаллу фасли масъалаҳои ҳалталаби ҷомеа миёни ҳампешагону сокинони ноҳия соҳибэҳтиром гардида буд.
 

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон будан як масъулияти ниҳоят муҳимеро дар пай дошт, ки аз мо-намояндагони мардумӣ илму дониши мукаммалро тақозо дошт,- даврони фаъолияташро дар ин ҷода ба ёд меорад ӯ.
– Зеро сокинони он ҷамоат-ҳои шаҳраку деҳоте, ки дар маъракаҳои интихоботӣ вакилони худро интихоб мекунанд, ҳаққу ҳуқуқ доранд, ки дар ҳолати пеш омадани мушкилу масъалаҳои иҷтимоӣ ба намояндагони худ дар маҷлисҳои маҳаллӣ муроҷиат намоянд. Яъне, вакили мардум будан замонати ҳаллу фасли он ҳама масъалаҳоеро дорад, ки сокинон аз мо интизоранд. Бешак, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят будан ба хусус, барои кадрҳои ҷавон, аз ҷумла бонувон  мояи ифтихор буда, ҳам масъулияти баланд дорад. Баъди фаъолияти пурсамар ба ҳайси сарвари Литсейи №1-и ноҳияи Ёвон, Каримзода Сабоҳатро ба вазифаи сарвари Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 49-и ноҳияи Ёвон таъйин намуданд.

 

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49, ки роҳбариашро ба зимма дорам, 52 нафар омӯзгор аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд. Аз лиҳози дохилшавии хатмкунандагонамон ба муассисаҳои олии кишвар мо дар қатори даҳгонаи пеши мактабҳои ноҳияи Ёвон қарор дорем.  Бо шарофати пайравӣ аз ташаббусҳои ҳизбӣ давоми ду соли охир мо-омӯзгорон бо ҷалби Кумитаи падару модарон ва соҳибкорони ватандӯст, ки дар сафи ҳизби пешбарандаи ҷомеа шомил мебошанд, сохтмони якчанд синфхонаи иловагиро дар назди ин муассисаи таълимӣ ба роҳ мондаем,- иброз дошт Сабоҳат Каримзода.  
 

- Меҳвари  пешбарандаи ҷомеа ба корҳои ободониву рушду тараққиёти меҳани азиз  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки ҳар нафар аз узви содиқи он бо ҷонибдорӣ аз  сиёсати  пешгирифтаи  роҳбарияти олии кишвар саҳм-гузорӣ дар корҳои ободониву пешрафти ҷомеаро масъулияти шаҳрвандии худ мешуморад. Мо-фаъолони ҲХДТ, ки дар фазои сулҳу осоиштагӣ дар Мактаби сиёсии Пешвои миллат тарбияву обутоб ёфтаем, ҳамеша дар саъю талошем, ки дар ҳамбастагӣ бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизби пешоҳанг ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар-таъмини зиндагии шоистаи мардум саҳми арзандаи худро гузошта бошем.

Адиба Нодирова,
“Ҳамрози халқ”