МУСОБИҚАИ ВАРЗИШИИ ВОЛЕЙБОЛ АЗ РӮИ УСУЛИ ДЕҲА БА ДЕҲА ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

Кушониён: Созандагони ватан  

Санаи 18- уми марти соли 2024 бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонон ва варзиш”-и ноҳияи Кӯшониён, бо мақсади тарғиби ҳаёти соли миёни наврасону ҷавонон мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол доир гардид.

Мусобиқаи мазкур таҳти роҳбарии Азимов Парвиз директори мактаби варзишии ноҳия баргузор гардида, бозии мазкурро масъулони бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия довари ва баҳогузорӣ намуданд.

Боиси қайд аст, ки ин иқдоми мазкур бо мақсади оммавигардонии варзиш, баланд бардоштани сатҳи маҳорати варзишӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи солимии занону бонувон ба роҳ монда шуда, дар он 20 нафар бо ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар охир дастаҳои ғолиб аз ҷониби ҳакамон муайян гардида, бо Сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда мешаванд.