Ҷавонон созандаву ва бунёдкоранд!

Восеъ: Андеша  

Дунёи ҷавонӣ рангин аз шодиву тараб ва осудагист. Ин давраро ҳар як пиру барно гузаронидаасту лаззати ин айёмро то охири умр ҳеҷ гоҳ аз хотир дур намесозад.Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз давраи аввали соҳибистиқлолӣ вобаста ба беҳтар кардани шароити мусоид барои ҷавонону насли наврас санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки барои ҷавонон як қатор имтиёзҳо дода шуд. Яъне аз солҳои аввали Истиқлолият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такя ба ҷавонон намуда, онҳоро ояндасози ҷомеа пазируфт.Ҳамасола барои рушди соҳаҳое, ки ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон вобастагӣ дорад тадбирҳои дахлдор андешида мешавад. Дар тамоми деҳаву гӯшаҳои кишвари азизамон шароит барои ташаккули тарзи ҳаёти солим барои ҷавонону наврасон муҳайё карда мешавад.Имрӯзҳо ҷавонон аз имётизҳои пешбининамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бархурдоранд ва онҳо барои ободиву озодӣ ва рушди кишвар алакай аз синни ҷавонӣ оғоз карда саҳми худро гузошта истодаанд.Ҷавонони дигари мо барои баланд бардоштани парчам ва номи Тоҷикистон дар бозиҳои байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи якум ва ифтихори мегарданд, ки ин омил шӯҳрати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд хоҳад бардошт. Имрӯз ҳама қишри ҷомеа таҳти таваҷҷӯҳи хосаи Ҳукумати кишвар қарор дорад. Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба ҳар як шаҳру ноҳияҳо, нахуст ба ятимони кулл вохӯрӣ анҷом дода, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар мегардад ва ба онҳо мунтазам кӯмаку дастгириҳо расонида мешавад. Ҷавонон дар меҳвари асосии сиёсати давлатӣ қарор дошта, барои баланд бардоштани дониши онҳо тамоми тадбирҳо андешида мешавад. Зиёд гардидани донишгоҳу донишкадаҳо, литсей ва омӯзишгоҳӣ касбомӯзӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо барои соҳибкасб намудани ҷавонон мебошад. Ҷавонони саодатманди мо имрӯз дорои неъматҳои зиёд мебошанд. Аз ҷумла амну субот, озодӣ ва шароити зиндагии арзанда яке аз неъматҳои беназир маҳсуб меёбад, ки   барои ҷавонони мо насиб гардидааст. Мо имрӯз давлате дорем, ки дар ҳоли рушд қарор дорад ва ин давлат барои ҷавонони ояндаи бонангу номуси кишвар аст. Рӯзи ҷавононро ба ҳар як ҷавони саодатманди Тоҷикистон муборак бод гуфта ба онҳо комёбиҳои беназирро дар ҳаёту фаъолияташон таманно менамоям!

Сафаралӣ Мирзоев –муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ