НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ДАР 3 МОҲИ СОЛИ 2024

Бохтар:  

Санаи 30 апрели соли равон бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ёрии тибии таъҷилӣ" Файзаллизода Муҳаммадсодиқ ва мудири шуъбаи ташкилии КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар толори маҷлисгоҳи ТИҲ "Ёрии тибии таъҷилӣ" ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи соли 2024 баргузор гардид.

Сараввал дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Файзаллизода Муҳаммадсодиқ оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар се моҳи соли ҷорӣ шунида шуда, баъдан қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Ҳамзамон, масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар назди ҳозирин оид ба зиёд намудани сафи аъзоёни ҳизб, ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуданд.

Ҳамзамон аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар корҳои созандагиву ободкорӣ ва аксияҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок намуда, баҳри ободӣ ва гулгулшукуфоии диёр саҳми муносиби худро гузоранд.

Дар фарҷом ба аъзоёни нав китобчаҳои ҳизбӣ бо тантана супорида шуд.