ҲХДТ- ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати ба кишвари сабз табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафти иҷрои барқияи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Рӯзи ободонию созандагӣ" бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроия, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор карда мешавад.

Чунин иқдом имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҷавонон" бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, Зоҳирзода Саймухтор, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҷавонон" Саломзода Рақибҷон ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии мазкур доир карда шуд.
Ин навбат иштирокчиёни ин ташаббуси ҳизбӣ атроф ва дохили бинои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Дӯстиро тозаю озода намуда, бехи ниҳол ва гулҳои ороишии саҳни биноро нарм карда заминро алафҳои бегона тоза намуданд.