ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ

Бохтар: Созандагони ватан  

     Дар саросари ҷаҳон Тоҷикистони мо ҳамчун кишвари калидӣ дар пешбурди масъалаҳои об эътироф гардидааст.Ташаббуси Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо барои кишвари мо, балки барои манфиати тамоми мардуми дунё татбиқ гардиданд.

Бар асари таъсири тағйирёбии иқлим дар давраи зикршуда аллакай зиёда аз 50 дарсади аҳолии ҷаҳон бо мушкилии норасоии об рӯ ба рӯ мегарданд. Илова бар ин, раванди биёбоншавӣ, афзудани офатҳои табии вобаста ба об, ки ба захираҳои обӣ ва сифати он таъсири манфӣ мерасонанд, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ татбиқи чораҳои фавриро талаб мекунанд.

Албатта, бо пешниҳоди Тоҷикистон Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид бо қатъномаи худ солҳои 2018 – 2028 – ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон намуд. Дар баробари ин 22 – 24 марти соли равон дар шаҳри Ню-Йорк Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2023 баргузор карда шуд. Конфронси СММ оид ба захираҳои об дар соли 2023 таҳти ҳамраиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳи Нидерланд баргузор гардид. Ҳамраис қабул шудани Подшоҳии Нидерланд баъд аз барраси ҳамаҷониба сурат гирифта, аз як ҷиҳат мувофиқат кардан ба талаботи СММ ва аз ҷиҳати дигар, дар масъалаи об фаъол будани ин мамлакат нақши муҳим бозидааст. Нидерланд дар ҳалли масоили марбут ба об барои кишварҳои гуногун ёрии зиёд кардааст. Бо вуҷуди он ки давлати рушдкарда ва дорои технологияҳои наву таҷрибаи бузург мебошад.

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд доир намудани ҷаласаи канорӣ таҳти унвони “Ҳамбастагии об – энергия-ғизо-муҳити зист” – ро дар нақша дорад, ки бобати омодагии ҳаматарафа ба он аз тамоми имкониятҳо истифода карда истодааст. Натиҷаҳои Конфронси оби СММ дар соли 2023 пайгирӣ карда шуд. Боиси ифтихори ҳар тоҷику тоҷикистонист, ки имрӯз кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ташаббускор шинохта шудааст ва ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои обу иқлим, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, соли 2025” ташвиқу тарғиб гардид.

Ҳадафи асосии Даҳсолаи мазкур ин мусоидат ба рушди устувор, захираҳои обӣ ва фаъолияти ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ноил гардидан ба ҳадафу вазифаҳо дар соҳаи об маҳсуб меёбад.

Тоҷикистони биҳиштосои мо дар ҳамаи Конфронсияҳои байналмилалӣ, яъне дар масъалаи ҳаётан муҳими аҳли башару тамоми мавҷудоти зинда таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ҷалб менамояд. Маврид ба зикр аст, ки об чун мояи асосии мавҷудияти инсон ҳамеша ва дар ҳама маврид бояд сарфакорона истифода шавад.

Давлатов Наҳтулло - роҳбари намояндагии ТҶҶ Созандагони Ватан дар шаҳри Бохтар