ТАРҒИБИ ТАШАККУЛИ ТАРЗИ ҲАЙЁТИ СОЛИМ

Фархор:  

 

Санаи 17 – апрели соли ҷорӣ бо мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо намояндагони ташкилоти ибтидоии “Ҳайёти солим” корҳои фаҳмонидадиҳиро оиди пешгирии паҳншавии бемории сирояти махсусан ВНМО ва сил, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамзамон, истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ бо усули «хона ба хона» ба роҳ монданд.Масъулин ҳангоми сӯҳбат бо сардорони оилаҳо иброз доштанд, Пешгирии бемории сил дар синни калонсолӣ ин муоинаи ҳарсолаи диспансерӣ ва ошкор кардани беморӣ дар марҳилаҳои аввал мебошад. Бо мақсади ошкор намудани бемории сил дар марҳилаҳои аввал калонсолон бояд дар муолиҷахона на камтар аз 1 маротиба дар як сол аз муоинаи флюорографӣ гузаранд (вобаста ба касб, вазъи саломатӣ ва мансубият ба гурӯҳҳои гуногуни хавф). Барои пешгирӣ аз ин бемории маккорона, муқовимати баданро баланд бардоштан, тарзи ҳаёти солимро пеш бурдан лозим аст, ки ғизои дуруст, рад кардани одатҳои бад, машғулияти тарбияи ҷисмонӣ, варзиш ва обутобдиҳии баданро дар бар мегирад. ВНМО тавассути хун, алоқаи ҷинсӣ ва бо роҳи сироятёбии амудӣ – аз модар ба кӯдак дар вақти таваллуд, ё ҳангоми синамакконӣ мегузарад.  Дар идома гуфта шуд, ки агар ВНМО-ро табобат накунанд, системаи иммунии одам то рафт заифтар мегардад, то он даме ки мубориза бо сироятҳо ва касалиҳои ба ҳаёт таҳдидкунанда комилан қатъ нагардад. Бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ) ин ҳолатест, ки дар заминаи сирояти ВНМО инкишоф ёфта, маҷмӯи аломатҳо ва бемориҳоеро тавсиф мекунад, ки дар марҳилаи ниҳоии сирояти ВНМО дар ҳолати сироятро табобат накардан, ба вуҷуд меоянд. Чунин Шуморида мешавад, ки аз лаҳзаи ворид шудани вирус ба бадан то расидани марҳилаи БПНМ, ба ҳисоби миёна 10 сол (5 то 15 сол) мегузарад. Аммо танҳо он вақте ки агар ба бемор вирус ворид шуда бошаду вале ӯ табобатро оғоз накарда бошад.

       Дар идомаи суҳбат масъули оид ба самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ибрози андеша намуданд.