ТЕРРОРИЗМУ ИФРОДАГОИ БА БАДБАХТИ МЕБАРАД

Фархор: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Мулоқоти масъулини ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар ноҳияи Фархор бо аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Втана” дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия идома дорад.Нотиқон зимни суханронӣ дар муассисиаи таълимии №55 бо аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳия оид ба мавзуи терроризму ифродагои суҳбат намуда қайд карданд, ки  дар марҳилае, ки ҷомеаи инсонӣ ба зинаи болотари рушди худ ворид мешавад ва гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ махсусан гурӯҳҳое, ки пайвандҳои хунию хешу таборӣ доранд, аз қабили қабилаю авлодҳо байни ҳам, ба хотири дарёфти сарватҳои табиӣ, ҷиҳати бароварда кардани ниёзҳои хеш вориди даргирӣ шудаанд ва гурӯҳе ғолиб омада, гурӯҳи дигаре мағлуб гардидаанд, ки он низ як омиле аз тарвиҷи назароти хурофотиву боварманд будааст. Яъне омили дигари ба вуҷуд омадани афкори хурофотӣ ва боварҳои хаёлӣ ин муборизоти табақотӣ ҷиҳати дастёбӣ ба манобеи табиӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин марҳила нафароне, ки ғолибиятро ба даст овардаанд, бештар ҷиҳати нигоҳдошти нуфузи хеш бар зердастон, чунин бинишеро ривоҷ додаанд, ки сабаби ғолибияти онон як қувваҳои фарозаминианд, ки ба эшон ҷиҳати расидан ба ин муваффақият кумак намудаанд. Ҳамчунин, сардорону сарварони қабилаҳо аз худ як шахсияти хосаи дар иртибот ба қувваҳои фавқутабиӣ дуруст намудаанд, ки онҳо бояд мавриди ситоишу ниёиш қарор бигиранд. Чунин вазъ боиси тарвиҷи хурофа дар байни ҷомеаҳои табақотӣ гардидааст. Бо гузашти вақт ҳамин навъи бовар ба табақаи ҳоким ин боварро ба миён овардааст, ки онҳо мисли ҳама нестанд. Онҳо аз хосон ва баргузидагони қувваҳои фарозаминианд.