РУШДИ МУРҒПАРВАРӢ ДАР ШАРОИТИ ХОНА

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Кишоварзӣ ягона манбаи даромади хонаводаи Давлатовҳо дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон буд. Акнун дар баробари он парвариши мурғро дар шароити хона ба роҳ мондаанд, ки бо фурӯши тухм шароити иқтисодии худро беҳ сохта, талош доранд, ки тиҷорати мурғро дар деҳа рушд диҳанд.

РАҲОӢ АЗ МУҲОҶИРАТ

Деҳаи Навобод дар миёни доманакӯҳҳои ноҳияи Хуросон ҷойгир буда, обу ҳавояш барои кишоварзию чорводорӣ ва парвариши мурғ мусоид мебошад. Кишоварзию чорводорӣ шуғли асосии сокинони ин деҳа буда, барои таъмини рӯзгори хонавода ҳар порча марзҳои корамро самараноку оқилона истифода мебаранд.

Муродулло Давлатов мегӯяд, ки зиндагии оилаи 12-нафараи худро аз даромади замин таъмин мекард. Соли гузашта бо сабаби пеш омадани мушкили иқтисодӣ тасмим гирифт, ки барои пайдо кардани ҷойи кори муносиб ва даромади бештар ба Русия равад. Вале аз ҷониби шарикони рушд барои ривоҷ бахшидани соҳаи мурғпарварӣ ва инчунин, беҳ сохтани шароити зиндагиашон бо мурғ таъмин гардиданд.
 

«Аз ҷониби Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба оилаи мо 20 мурғ ва ду халта дон дода шуд, ки бо гузашти вақт шумораи онҳоро ба 100 сар расонидем. Парвариши он душвор нест, вале даромади хуб дорад. Ин кор маро аз рафтан ба Русияву азоби муҳоҷират раҳо кард. Аз сӯи дигар хонаводаи мо бо ғизои солим таъмин шуданд»,-мегӯяд мурғпарвар.

САРФАИ ВАҚТ ВА ХАРОҶОТИ КАМ

Бояд қайд кард, ки ҳар рӯз хонаводаи Давлатовҳо ба мағозаи деҳа ҳудуди 50 дона тухмро дастрас карда, фоидаи хуб ба даст меоранд. Барои боз ҳам зиёд кардани саршумори мурғ Муродулло Давлатов як мурғхонаи калони дорои шароити хуб сохтааст. Ҳоло ӯ дар деҳаи Навобод ягона нафарест, ки ба аҳолии деҳа тухмҳои босифат ва аз ҷиҳати экологӣ тозаро пешниҳод мекунад.
 

Ашурой Алимардонова, фурӯшан-даи мағозаи деҳаи Навобод мегӯяд: "Қаблан аз шаҳри Бохтар ва ё аз бозори ноҳия тухми мурғ оварда мефурӯхтем. Рафтан ба маркази вилоят-шаҳри Бохтар ҳам вақт ва ҳам хароҷоти зиёдро талаб мекард. Алҳол ин мушкилӣ аз миён рафт, зеро Муродулло ҳар рӯз мағозаи маро бо тухми мурғи хонагӣ таъмин мекунад",-ироа дошт А. Алимардонова.

ҲАДАФИ ОЯНДАИ МУРОДУЛЛО

Қаҳрамони мо Муродулло Давлатов парвариши мурғро дар шароити деҳа ба ҳамсояҳояш тавсия додааст ва мегӯяд онҳо ҳам метавонанд аз ҳисоби ин кор даромади хуби иловагӣ ба даст оварда, вазъи иқтисодии оилаи хешро баланд бардоранд. Ҳарчанд, дар рустоҳо мушкили камбуди ҷойи кор барои сокинон мушоҳида мешавад, ӯ тасмим гирифтааст, ки шумораи мурғҳояшро ба 700 сар расонад.
 

«Ҳарчанд дар шароити деҳа ва он ҳам бо усули қадимӣ парвариши мурғро ба роҳ мондаем, вале оянда низ тасмим дорам, ки бо фароҳам гардидани шароит як фермаи хурди парандапарварӣ ташкил карда, барои хонавода ва ҳамсояҳо ҷойи кори доимӣ фароҳам оварам»,-гуфт Муродулло Давлатов.

ДАРОМАДИ ЯКМОҲА 700 СОМОНӢ

Рустам Иброҳимов, марди дигаре аз ноҳияи Ҷайҳун аст, ки мисли Муродулло Давлатов парвариши мурғро аз 20 сар оғоз карда, ҳоло мегӯяд шумораашон ба 50 расидааст. Ба гуфтаи ӯ талабот ба тухми мурғ зиёд аст. Аз ҳисоби фурӯши тухм дар як моҳ ҳудуди 700 сомонӣ даромад мегирад Коре, ки ба тоб додани чархи зиндагиаш кумак кард.
 

«Мардум дар бозорҳо аз гаронии нархи тухм норозигӣ мекунанд, аммо мо аз бозор тухм намехарем, баръакс бо нархи дастрас мефурӯшем. Ғизонокии тухм зиёд буда, ба саломатии инсон фоида дорад. Ҳар субҳ дар дастархони мо тухм аст»,-илова кард Р. Иброҳимов.

КУМАК БА ОИЛАҲОИ  НИЁЗМАНД

Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи парандапарварӣ ва инчунин, барои беҳбуд бахшидани ҳаёт ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба оилаҳои ниёзманд мурғ медиҳад. Мурғҳое, ки ба оилаҳои камбизоат дода мешавад, аз фабрикаҳои парандапарварии вилояти Суғд оварда шуда, аз мурғҳои маҳаллӣ аз ҷиҳати вазн, истеъмол ва тухмоварӣ фарқкунанда мебошанд. Инчунин, ба иқлими минтақа ва парвариш ёфтани онҳо дар шароити хона тобовар аст.
 

Ба гуфтаи мутахассисони лоиҳа дар баробари додани мурғ, инчунин бойторони хуби соҳаро ҷалб карданд, то ба мурғпарварон тарзи дуруст нигоҳубин кардани мурғро нишон диҳанд. Барои саршумори мурғро зиёд кардан, бояд ҳадди ақал дар 6 моҳ як маротиба мурғҳоро ваксина гузаронанд. Тибқи иттилои расмӣ то ба имрӯз аз ҷониби лоиҳаи мазкур ба як ҳазору 141 оилаи камбизоате, ки бо мушкили иқтисодӣ мувоҷеҳ ҳастанд, 22 ҳазору 820 мурғ дода шудааст. Дар назар аст, ки оянда низ ба 300 оила, 6 ҳазор мурғ дода мешавад.
 

Мавриди зикр аст, ки аз моҳи марти соли 2018 соҳаи парандапарварӣ аз супоридани андоз аз фоида (содакардашуда), андоз аз арзиши иловашуда ва андозҳо аз молу мулки ғайриманқул ва андози замин озод гардид. Таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳад, ки дар давраи амали имтиёзҳо шумораи корхонаҳои соҳа афзоиш ёфта, воридоти гӯшти паранда, махсусан мурғ аз хориҷи кишвар коҳиш ёфтааст.
 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022–2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон доштанд. Ҳамин аст, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар табдирҳои муассир андешида шудааст. Аз ҷумла, Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дар асоси он барномаҳои гуногуни соҳавӣ қабул шуда, мавриди амал қарор доранд. Барномаву стратегияҳо ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нав, ташкили ҷойҳои нави корӣ, афзун намудани ҳаҷму сифати маҳсулоти ватанӣ низ замина гузоштанд.

Амонҷон Муҳиддинов,
«Ҳамрози халқ»