ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ КОРӢ БО ФАЪОЛОН

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

3 апрел дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён оид ба эълон гардидани соли 2024 соли “Маърифати ҳуқуқӣ” дар мавзуи “Ташаккули дониши сиёсии шаҳрвандон” вохӯрии гурӯҳи корӣ  доир  гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки дар вохӯрӣ Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Вализода Икромиддин Сироҷиддин, узви Кумитаи  Иҷроияи Марказӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Кӯшониён, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кор бо  занону  ҷавонони вилоят  иштирок доштанд.
 

Вохӯриро бо сухани муқадди-мавӣ Вализода Икромиддин Сироҷиддин ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тавсеаи дониши ҳуқуқӣ аз масъалаҳои муҳими ҳаёти имрӯза ба шумор рафта, дар Паёмҳои ҳарсолаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳ-мон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Ин аст, ки Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ  ба ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон чандин санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии муҳим ва барномаҳои алоҳидаро таҳия ва қабул намудааст. Қабул ва амалисозии ин санадҳо яке аз қадамҳои муҳиму умедбахш дар роҳи фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии ба маҷрои бонизом ва ояндадор равон кардани ҷомеа мебошад ва таҳкурсии боэътимоди барномаҳои минбаъдаи давлатӣ дар ин самтро асос гузоштааст.

Сипас, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  зимни суханронӣ  зикр намуд, ки вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар, бахусус, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро болотар аз ҳама арзишҳо гузорад. Таҳкими манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор меравад.
 

Қайд гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суботи сиёсӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро асоси иродаи озоди мардум дониста, барои пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояи истиқлолият ва озодиро таҳким бахшида, ҷиҳати пойдории сулҳу Ваҳдати миллӣ, рушду нумуи иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дар маҷмуъ давлатдории миллӣ саъю талош менамояд.
Ҳамзамон,  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастовард-ҳои афкори пешқадами ҷомеаро эҷодкорона  татбиқ  намуда, ман фиатҳои  мардумро сарфи назар аз  вазъи   иҷтимоӣ,   мансубияти миллӣ,  мавқеи  ҷамъиятӣ  ва муносибат  ба  дину  мазҳаб  ҳимоя менамояд,  суннату  анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таъ-рихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум ва худшиносиву ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад.
 

Дар идома намояндагони ма-қомоти ҳифзи ҳуқуқ, шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ва кор бо занону ҷавонон низ фикру андешаҳои хешро доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баён намуданд.  
 

Таъкид гардид, ки мо, фаъолони ҷомеаро мебояд, ки дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар доираи эълон гардидани  соли 2024 – “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон саъю талош намуда, фаъолиятро дар самти ташкилу баргузории чорабиниҳои нақшавӣ тақвият бахшем.