28 ТАШАББУС ДАР 28 СОЛАГИИ ФАЪОЛИЯТ

КИВ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Инак, 10 декабри соли 2022 аз фаъолияти ҳизби пешбар- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 28 сол пур мешавад ва бисёр рамзист, ки имрӯз шумораи ташаббусу навовариҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба 28 адад расида, таҷриба ва натиҷаҳои хуб ба миён омадаанд.  

Дар асоси дастури Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб дар яке аз ҳамоишҳо, ки иброз карда буданд, — имрӯз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба бознигарӣ ва таҷдиди усули кор бо мардум, пешниҳод ва татбиқи идеяҳои нави замонавӣ ниёз дорад – ҲХДТ ва сохторҳои он дар маҳалҳо тайи се соли охир гурӯҳи идеяҳои созандаву бунёдкор ва ҳамқадам ба ҷомеаи муосирро ташаббус карданд, аз ҷумла тарғибу ташвиқ ва саҳмгузории ташкилию амалӣ дар татбиқи чорабиниҳо бахшида ба 30 ва 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ, бахусус дар сатҳи маҳалу деҳот.        

Дар ҳамин асно, сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон ташаббускорию навовариро пеша намуда, гурӯҳи 28 ташаббусҳои ҳизбиро зери унвони «Якҷоя месозем!» ба амал бароварда, ба дастовардҳои зиёде ноил гардиданд. Аз ҷумла, ташаккули низоми функсионалии идоракунӣ – (1) татбиқи Рейтинги ҳизбӣ, (2) рақамикунонии фаъолият, (3) сохтмони биноҳои маъмурии кумитаҳои иҷроия, (4) таъминоти техникию ташкилию сохторҳои ҳизбӣ, (5) таъмиру сохтмони мактабу боғчаҳо, (6) сангфаршкунӣ ва мумфаршкунии роҳҳои байни деҳаҳо, (7) сохтмони пул, (8) обёрикунонӣ, (9) ниҳолшинонӣ; (10) сохтмони марказҳои ҳунармандӣ ва (11) утоқи раиси кумитаи маҳалла; (12) азнавсозии иншооти гигиенӣ бо заҳкаши дренажӣ дар манзилҳои истиқоматӣ ва шоҳроҳҳо, (13) тозакунии оромгоҳҳо зери унвони «Рӯзи ёдоварӣ», (14) таъсиси сомона-махзани хизматрасонӣ, (15) ташкили саҳифаҳои иҷтимоии «Кумак ба маъюбон» ва (16) «Ҳунарҳои дастӣ», (17) таҳкими рукнҳои илмию амалии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат» тариқи баргузории конференсияҳои илмӣ ва (18) интишори Маҷалаи илмию таҳлилӣ ва амалии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат», (19) интишори мунтазами маводҳо ва (20) вокуниш бар гурӯҳҳои ифротӣ, (21) ташкили хоҷагиҳои ёрирасон барои кумитаҳои иҷроия, (22) таъсиси Маркази тренингии кормандони ҳизбӣ, (23) таҳкими хизматрасонии волонтёрии ҳизбӣ, (24) татбиқи барномаи «Сарбози ихтиёрӣ», (25) амалиёти муштарак бо сохторҳои маориф бо унвони «Соати сиёсӣ» ва (26) «Мактаби ман!», (27) ташкили гулгашти ҳизбӣ бо интернети ройгон барои ҷавонон ва (28) пешбарии лоиҳаи Маркази илмию тадқиқотӣ ва омӯзиши «Мактаби сиёсии Пешвои миллат».

Дар маҷмӯъ бо ченаки маблағӣ дар тули дуюним соли фаъолият дар доираи таҷлили 30 солагии Истиқлоли давлатӣ ҳизбиёни вилояти Хатлон дар ҳаҷм ва ё баробар ба 173 миллион сомонӣ бо корҳои созандагию бунёдкорӣ дар рушди имкониятҳои иҷтимоию иқтисодӣ саҳмгузорӣ намуданд.