ТАРҒИБИ ЛИБОСИ МИЛЛӢ ЗЕРИ УНВОНИ "ТОҶИКОНА МЕПУШЕМ"

Кушониён:  

Бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти миллӣ муҳасилини муассисаи таълимии №43-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”, ба хотири ҳифз ва нигоҳдошти фарҳанги аҷдодӣ ва тарғиби либоси миллӣ пайваста миёни аҳолии корбарӣ менамоянд.

Муовини директори муассиса, дар суҳбат афзуд, ки либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тўли қарнҳо зебоиашро гум накардааст. Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост.

Иброз намуд, ки занону бонувони ноҳияи Кӯшониён низ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз фарҳангу тамаддуни оламшумули хеш, либоси чаканро ба бар намуда, дар аксияи “Тоҷикона мепӯшем” фаъолона ширкат варзиданд.