Чорабинии тантанавӣ оиди "Мудофиа гражданӣ " дар муассисаи таълимӣ

Восеъ:  

Дар Муассисаи таълимии №4-и ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ машқҳои гражданӣ гузаронида шуд. Мақсади асасӣ аз гузаронидани чунин машқҳо ин пеш аз ҳама баҳри пешгирӣ ва сари вақт бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода, инчунин бедор намудани ҳисси меҳанпарастиву ватандӯстии ҷавонон мебошад. Дар рафти чорабини гузаронидани корҳои наҷот, мубориза бар зидди сўхторҳо, безараргардонии сару либос ва одамон аз моддаҳои сахтаъсири заҳролуд, расонидани ёрии авалияи тиббӣ ба зарардидагон ва эвакуатсияи хонандагону омўзгорон амалан аз ҷониби нерўҳои ғайриҳарбии муассисаҳои номбурда иҷро карда шуд.Зимни суханронии хеш роҳбари муассисаи номбурда Аҳмадов Рамазон  қайд намуд, ки роҳандозии ин гуна машқу тамринҳо сатҳи омодагии ҷисмонӣ ва равонии хонандагонро боло мебаранд онҳоро омӯзиш медиҳанд, ки дар ҳоли ба вуҷуд омадани ин ё он офати табиӣ бе воҳима дастбакор шуд ва ба зарардидагон кумаки аввал расонид.