ОМОДАГИИ ХОНАНДАГОН ДАР ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДАИ ТАБИӢ

Муъминобод:  

Санаи 25-уми апрели соли ҷорӣ бо мақсади омӯзиши ҳайати омӯзгорон ва хонандагон оид ба мудофиаи гражданӣ бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "деҳаи Шаҳринави мобайн" дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 -и ноҳияи Муъминобод чорабинии таълимӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ мазкур Суҳроби Бозоралӣ мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ва намояндаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии " деҳаи Шаҳринави мобайн " Муқимов Саъди иштирок доштанд.
Чорабинии мазкур бо мақсади омодагӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқуллода, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳайати омӯзгорону хонандагон ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ ё ҳодисаҳои нохуш баргузор карда шуд.
Дар идомаи чорабини Суҳроби Бозоралӣ мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳия Муъминобод
ба сухан баромада иброз намуданд, ки имрӯз масъалаи шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ба маротиб зиёд шуда истодааст. Аз ин рӯ, падару модари хонандагонро зарур аст, ки фарзандони худро ҳамаҷиҳата назорат намуда нагузоранд, ки онҳо аз телефонҳои мобилӣ истифода баранд. Чунки телефони мобилӣ ба саломатӣ, таҳсил ва ҳаёти онҳо таъсири манфӣ расонида метавонад.