Иди гулҳо ва паррандаҳо баргузор карда шуд.

Восеъ:  

Бо мақсади бедоркардани завқи зебоипарастӣ, табиатдўстдорӣ, ҳифзи муҳити зист ва саҳмгузорӣ дар нигоҳубин ва инкишофи он, омўзиши табиат, тарғиби паррандапарварӣ дар шароити хона, ғамхор будан ба табиату ҷонварон ва ҳавасманд гардонидани кўдакону наврасони табиатдўстдор ва экологони наврас дар Муассисаи таълимии №43-и ноҳияи Восеъ иди гулҳо ва парандагон бо иштироки хонандагони синфҳои 1-11 гузаронида шуд.Дар ин рўзи зебои баҳорӣ саҳни Муассисаи таълимиии номбурда як гўшаи дилрабою пуртароватеро мемонд. Ороиши гулҳо ва хониши паррандаҳо, ки аз тарафи кўдакону наврасон-табиатдўстдорони хонандагони муассисаҳои таълимӣ ташкил карда шуда буданд, диққати ҳар бинандаро ба худ ҷаб менамуд.