РЕЙТИНГИ ҲИЗБӢ

Вахш: Андеша  

Бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, шуруъ аз соли 2020, Рейтинги ҳизбӣ ҳамчун механизми муосири фаъолият ҷорӣ карда шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, барои расидан ба ҳадафҳои Олии ҳизб ва тарғибу ташвиқи ғояҳои асосии ҳизб дар ҷомеа талош меварзад.

Рейтинги ҳизбӣ дар фаъолияти кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилоят басо саривақтӣ ва такондиҳанда шуморида мешавад. Зеро аз лаҳзаҳое, ки ин механизми идоракунӣ руи кор гирифта шуд, рақобатҳои пешсафӣ дар байни кумитаҳо ва кормандони ҳизбӣ эҳсос гардид. Тамоми масъулини ҳизбӣ кӯшиш менамоянд, ки яке аз дигаре дида фаъолтар бошад.

Тарзу услуби имрӯзаи фаъолияти ҳизбӣ, аз якояки мо талаб менамояд, ки баҳри такмил ва таҳкими василаҳои идоракунӣ, иқтидори зеҳнию амалии сохторҳои ҳизбӣ ва кормандон, татбиқи ҳадафҳои идеологии ҳизб, ҳамқадам будан бо ҷомеаи муосир, баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа ва боз ҳам наздиктар будан бо мардумро сармашқи фаъолияти рузмарраи худ қарор диҳем.

Дар ин замина қайд кардан ба маврид аст, ки механизми мазкур усули ҳавасмандгардониро доро мебошад, ки пешсафони ҳизбӣ тайи ду сол мешавад,  шаҳди ҳавасмандгардониро чашидаанд ва ҳаракат менамоянд, ки ҳамеша пешсаф бошанду аз шаҳди ҳавасмандгардоние, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон тасмим гирифтааст бенасиб намонанд.

Боварии комил дорем, ки Рейтинги ҳизбие, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон роҳандозӣ гардидааст ва ҳамзамон иқдоми пешгирифтаи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба роҳандозӣ гардидани таҷрибаи пешқадами Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар байни Кумитаҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар имкон медиҳад, ки фаъолияти кумитаҳо ва пешрафти кори ҳизбӣ дар саросари минтақаҳои кишвар дар саҳти баланд рушд намояд.

 

С. Салимова Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш