АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ "ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАШУДААСТ!"

Кушониён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён бахшида ба 78- солагии Иди Ғалаба аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст " гузаронида, оид ба ин санаи таърихӣ ба сокинони ноҳия беш аз 200 дона варақаҳои тарғиботӣ тақдим намуданд.

Дар варақаи тарғиботӣ қайд карда мешавад, ки соли равон 77- солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷлил мегардад. Ба ин муносибат Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён ва ТҶҶ" Созандагони Ватан" иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва кулли ҳамватанонро самимона табрик ва муборакбод менамояд.

Ҳамасола таҷлил гардидани Рӯзи Ғалаба ҷиҳати поси хотири ҳалокшудагон, қадрдонии родмардони набардҳои шадид ва заҳмати бекарони онҳое, ки дар ақибгоҳ саҳм гирифтаанд, барои наслҳои имрӯза сабақи ибратомӯзи ватандӯстию ҳифзи сарҳад ва марзу буми Ватан мебошад. Ин рӯйдоди таърихӣ моро ҳушдор медиҳад, ки ба қадри сулҳу субот, амнияти миллӣ, тинҷию осудагӣ бирасем ва барои ҳифзи он бояд беш аз ҳарвақта кӯшиш намоем. Рӯзи Ғалаба, пеш аз ҳама, рамзи ватандӯстӣ, фидокорӣ, иттиҳод ва рӯҳи шикастнопазири халқҳои ҷаҳон мебошад.

Мо хотираи неки онҳоеро, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонона қарзи башардустонаро ба хотири барқарор намудани сулҳу субот анҷом додаанд, пос медорем, назди хотираи неки онҳо сари таъзим фуруд меорем.