РӮЗИ ҒАЛАБА-НАБАРДИ ОЗОДИХОҲОНАИ ХАЛҚУ МИЛЛАТҲОИ ГУНОГУН БАРОИ ҲИМОЯИ ВАТАН!

Кушониён:  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил шудан ба ғалабаи бузургро натиҷаи муборизаи дастаҷамъонаи халқҳо ва намунаи набарди озодихоҳонаи халқу миллатҳои гуногун барои ҳимояи Ватан маънидод намуда, таъ­кид доштаанд, ки ин санаи фархунда то имрӯз бештар бо номи Ҷашни зафар машҳур аст ва бо гузашти солҳо, хусусан, вобаста ба густариши нооромиву бесуботӣ дар минтақаҳои гуногуни сайёра, аҳаммияту арзиши он дар байни мардуми олам афзуда истодааст. “Ин санаи пурарзиши таърихӣ натанҳо барои собиқадорони ҷанг ва калонсолон, балки барои наслҳои имрӯза низ гиромиву муқаддас ҳисобида мешавад, чунки он рамзи ватандӯстиву фидокорӣ ва шуҷоату мардонагии падарону бобоёни мо барои ҳифзи марзу буми Ватан ва аз асорату бадбахтӣ эмин нигоҳ доштани халқу миллатҳои собиқ шӯравӣ мебошад”.

Маврид ба зикр аст, ки барои таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари ҳамаи халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси кишвари азизи мо - Тоҷикистон низ саҳми арзанда гузоштаанд.

Ҷойи зикр аст, ки беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш дар майдонҳои ҷанг ҳалок шуданд, ки номи неку корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърих мондагор сабт гардидааст.

Шоистаи зикр аст, ки мардуми Тоҷикистон ҳар сол Рӯзи ғалабаро бар фашизм ҳамчун як саҳифаи фоҷиабори таърихи асри гузаштаи худ ва ба хотири пос дошт­ани диловариву шуҷоат ва ҷонбозиҳои фарзандони бонангу номуси Ватан ҷашн мегиранд.

Дар ноҳияи Кӯшониён дар партави сиёсати созанда ва дастуру супоришҳои Пешвои муа­ззами миллат мунтазам ҷиҳати сазовор таҷ­лил намудан аз ин рӯ­йдоди таърихӣ ва дас­тгирӣ нисбат ба ишир­окчиёни ҷанг мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ посдори анъанаҳои пуршарафи гузашта, тимсоли мардонагӣ ва меҳанпарастӣ буда, барои насли имрўзаи Ватан намунаи ибрат ва пайравӣ ҳастанд.

Бо истифода аз фурсат кулли сокинони ноҳияро дар симои родмардони асили Ватан - иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо 79 - умин солгарди Ғалаба табрик гуфта, ба Тоҷикистони азизамон сулҳи пойдор, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллии бардавом ва барои сокинони шарифи кишвар саодатмандӣ, саломатӣ, пирӯзиву бурдбориҳо таманно дорам.

79 - умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳҳияи Кӯшониён