ТОЗА КАРДАНИ КАНАЛҲО ВА ЗАҲБУРУ ЗАХКАШҲО ДАР ДОИРАИ АКСИЯИ “ҲХДТ – ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР!”

Восеъ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва бо мақсади беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои корам ва наздиҳавлигии сокинони ноҳия ва баланд бардоштани ҳосилнокии замин соҳибкорон ва хоҷагидорони деҳаи Кадучии Ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсови ноҳия дар Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” фаъолона иштирок намуда, дар тоза намудани канал ва заҳбуру заҳкашҳо саҳми муносиби хешро гузоштанд.