ҶАВОНОН ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТАНД!

Вахш: Созандагони ватан  

 Дар ҳошияи тараннуми арҷ гузоштан ба арзишу муқаддасоти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами КИ ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи   2 -юми майи соли 2024,  вохӯрии масъулини ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар мавзуи “Арҷгузори ба арзишҳои миллӣ”,  “Ҷавонон зидди гурӯҳҳои ифротию террористӣ”  вохурии навбатии  масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” доир гардид. Дар рафти вохури масъулини кумита бо ҷавонон дар масъалаи арҷгузори  ба таъриху тамаддуни пурғановати халқи тоҷик, ҳифзи дастовардҳои замони истиқлолияти давлатӣ, истифодаи мақсадноки шабакаҳои иҷтимоию интернетӣ ва  сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав суҳбат доир намуданд. Ҳангоми суханрониашон қайд намуданд, ки сабаби асоси шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундраву ифроти ин сатҳи пасти саводнокии ҷавонон ва наврасон мебошад, ки аз надоштани саводи диниву дунявӣ ба чунин ашхоси фитнаандоз бовар намуда ҳаёти худ ва чандин одамони бегуноҳро зери хатар мегузоранд.

 Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Вахш.