БА ИСТИФОДА ДОДАНИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ

Ёвон:  

Дар пайрави аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва саҳми падару модарон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28- деҳаи Анористони ҷамоати деҳоти Обшорон 4 синфхонаи иловагӣ ва як ҳуҷраи кории омӯзгорон сохта ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи синфхонаҳои иловагӣ раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр аз синфхонаҳои ба истифода дода шуда дидан намуда, бо омӯзгорону хонандагон суҳбати самими анҷом доданд. Ҳамзамон дар аснои боздид аз шароити бинои нав ба муҳандисону меъморон ва коргарон барои босифат ба анҷом расонидани сохтмони синфхонаҳои иловагии мазкур баҳои баланд доданд. Сипас дар саҳни бинои нави таълимӣ раиси ноҳия суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати маорифпарваронаи худ "Мактаб даргоҳи муқаддас ва дар ин замина омӯзгорро шоҳсутуни илму маърифат ва маҳбубтарин шахси ҷомеа номидааст". Ҳамзамон иброз намуданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бо мақсади амалӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлат ба вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, муҳайё намудани шароити мусоиди донишандӯзии хонандагон ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии омӯзгорон пайваста тадбирҳои муассир меандешад. Танҳо дар соли таҳсили равон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми падару модарон дар назди 14 муассисаҳои таълимӣ 77 адад бино ва синфхонаҳои иловагӣ барои 3850 нафар хонанда дар 2 баст сохта ба истифода дода шуд. Инчунин баён доштанд, ки сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ ва як ҳуҷраи кории омӯзгорон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28-и деҳаи Анористон, идомаи тадбирҳое аст, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми маҳал роҳандозӣ гардидааст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 соли 1973 бо лою гил бе таҳкурси сохта шуда, дар ин муассиса 912 нафар хонанда, аз он ҷумла 457 нафар духтарон таҳсил карда истодаанд. Аз ин лиҳоз бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва саҳми падару модарон бо маблағи умумии зиёда аз 500 ҳазор сомонӣ 4 синфхонаи иловагӣ ва як ҳуҷраи кории омӯзгорон бо шароитҳои хуби таълиму тарбия сохта ба истифода дода шуд. Дар поёни суханронӣ раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода ба ҳамаи он нафароне, ки дар сохтмони синфхонаҳои иловагии мазкур саҳми худро гузоштанд изҳори ташаккур ва минатдори баён намуданд. Дар фарҷоми чорабини ба як қатор шахсиятҳое, ки барои саривақт сохта ба истифода додани ин бинои нав заҳмат кашидаанд бо сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар фазои тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд.