ХАТАРИ ИНТЕРНЕТ ДАР ҶОМЕИ ИМРӮЗА

Кушониён: Вокуниш  

 Шабакаи байналмилалии интернет айни замон як махзани бузургест, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти инсонро дар бар гирифтааст. Ҳар шахс метавонад бо роҳи ҷустуҷӯ аз системаҳои ҷустуҷӯкунанда маълумотеро пайдо намояд, ки соатҳо дар китобхонаҳо дар ёфтани он ранҷ мекашид. Мо имрӯз метавонем дар бораи ҳар як сиёсатшиноси барҷаста, олиму шоир, нависандаҳо ва ҳатто лашкаркашону давлатҳои гуногун ба осонӣ ва бе ҳеҷ харҷи иловагӣ дар ҷои нишасти худ маълумоти заруриро пайдо намоем. Имрӯз дар дунё 600 миллион нафар аз интернет истифода мебаранд. Магар ин инқилоби воқеӣ нест? Хусусан, ба як қисми муҳими ҳаёти ҷавонони имрӯза табдил ёфтааст. Аксари ҷавонон, хусусан донишҷӯён интернетро ҳамчун сарчашмаи асосии манбаъ, маълумот ва ахбор истифода мебаранд, ҳатто онро ба китобхонаи худ тағйир додаанд. Ҳақиқатан, дар ҷомеаи муосир шабакаи интернет ҳамчун як рукни зарурӣ барои инсонҳост.          Аён аст, ки воситаи алоқа ҳар қадар боқувват бошад, барои инсон ҳамон андоза хатарнок мебошад. Бо арраи барқӣ кори зиёдеро метавон иҷро кард, нисбат ба дастарра, аммо ҳангоми кор бо арраи барқӣ боэҳтиёт будан лозим аст. Ба ин монанд, интернет воситаи хеле нерӯманд ва муфид аст. Ин аст, ки интернет низ хатари ҷиддӣ дорад, барои ҳамин, то қадри имкон онро эҳтиёткорона бояд истифода бурд. Инро ба назар гирифта, 40 давлати узви Шӯрои Аврупо шартномаи байналмилалӣ бар зидди ҷинояти кибернетикиро барои ҳифзи ҷомеаи худ тартиб доданд. Кадом омилҳо чунин нигарониро ба вуҷуд овардаанд? Аз интернет кадом хатарҳоро метавон интизор шуд, то ки тамоми дунё онро ба назар гирифта, дар хотираи худ нигоҳ доранд? Оё ин маънои онро дорад, ки онҳо дигар аз интернет истифода набаранд?    Бо шарофати пешравии техника дар ҷаҳон одамони осӣ домҳои навбаромад ва муосирро истифода бурда истодаанд. Диққат диҳед, имрӯз баъзе аз онҳо барои мусулмонони ҷаҳон хатари ҷиддиро пешниҳод менамоянд. Ин хатар ба Тоҷикистон низ рабт дорад, барои он ки 99 фоизи аҳолии онро мусулмонон ташкил медиҳанд. Як хатари бениҳоят ҷиддӣ ва асосӣ пахши филмҳои бадахлоқӣ дар шабакаи интернет мебошад. Ин навъ филмҳо ба соҳибонашон дар як сол 2,5 миллиард доллари амрикоӣ фоида меоранд. Дар давоми панҷ соли охир сайтҳо қариб 19 маротиба афзудаанд.  
              Пас ҳангоми истифодаи интернет домҳоро фаромӯш накунед! Ҳамеша ҳангоми истифода устувор бошед ва аз ҳар гуна мактубҳои мароқангез ва ҷолиб дурӣ ҷӯед. Баъзе одамон тамошои филмҳои бадахлоқӣ хаёл мекунанд, ба онҳо аз тамошои он зараре намерасад. Имрӯз дар ҷомеаи мо аксарияти наврасону ҷавондухтаронро интернет, хусусан, тамошои чунин саҳнаҳо бадроҳ кардааст. Бархеи онҳо бешармона дар боғ ва дигар ҷойҳои истироҳативу фароғатӣ бо писарон дар рӯзи равшан ба корҳои бадахлоқӣ машғуланд.    Падару модар, вақте ба хона интернет мегузаронанд, аз он истифода бурдани фарзандонашонро бояд зери назорати ҷиддӣ бигиранд. Аз зинаи аввал, аллакай аз овони мактабхонӣ бояд ба онҳо этикаи истифодаи дурусти интернетро омӯзонем. Ҳамаи инро ба инобат гирифта, шумо интернетро оқилона истифода баред ва роҳи бехатарии онро ҷустуҷӯ намоед. Аз ҳар гуна хатарҳо, ки ба ахлоқи шумо таъсири бад мерасонад, худро дур нигоҳ доред. Ба вебсайтҳои бефоидаву зараовар ҳеҷ гоҳ дил набандед, ки ба саломатӣ ва рӯҳи шумо таъсири бад мерасонад.

Муовини раиси Кумитаи иҷоияи ҲХДТ

дар ноҳияи Кӯшониён- Собиров Далер