СОЛИ 2025 -СОЛИ УМУМИҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО!

Муъминобод:  

Ҳамаи ҷомеаи ҷаҳонӣ медонанд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахустини ба сари қудрат омаданашон  ҳамчун  Сарвари миллатдӯсту раъиятпарвар баҳри пойбарҷо нигоҳ доштани Ватану миллати худ ва ҳамчун роҳбари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ин буд, ки бо талош ва пайгириҳояшон тавонист Тоҷикистонро тар як марҳилаи кӯтоҳ узви Созмонҳои байналмилалӣ гардонад ва Тоҷикистон  аз санаи 29 январи соли 1992 дар ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Миллали Мутаҳид  қатънома оид ба тавсияи дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Миллали Мутаҳид  ба сифати аъзо қабул шуд ва  аз санаи 2 юми марти соли 1992  зимни иҷлосияи 46-уми Маҷмааи  Умумии Созмони Миллали Мутаҳид ба ин созмони бонуфӯз шомил гардид.  Пайвастани Тоҷикистонро ба ин созмони бонуфӯз пояи устувор барои рушди ҳамкориҳо бо ин созмон, муассиса ва ниҳодҳои тахассусии он  бунёд ниҳод.

Тоҷикистон дар симои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар марҳилаи  начандон дарози узвият дар ин созмон роҳҳои  муайяни ҳамкориро тай намуд  ва худро ҳамчун кишвари дорои сиёсати созандаву бунёдкор, ташаббускор ва башардӯст амалан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.           

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳандозии густурдаи ҳамкориҳои  бисёрҷониба дар соҳаи об, ҳадафи иҷрои  нақши фаъол дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳониро пайваста пайгирӣ мекунад. Дар доираи ташаббусҳои созандаи вобаста  ба об  Соли байналмиллалии «Оби тоза», соли 2003, Даҳсолаи байналмиллалии «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», соли байналмиллалии ҳамкорӣ дар соҳаи об»,  соли 2013, Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор 2018-2028» ва ниҳоят пешниҳоди навбатии Пешвои миллат дар самти   эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо мебошад. Ҳадаф аз ин ташаббусҳои созанда  зарурати ҳамкории созандаву башардустона дар ҳали масъалаҳои марбут ба ҳифзи пиряхҳо ва об ҳамчун манбаи ҳаёт ва рушди устувори инсоният дар тамоми самтҳо мебошад.   Дар баробари дигар сарватҳои табии кишвари азизамон Тоҷикистон аз лиҳози пиряхҳо яке аз сарчашмаҳои асосии об ба ҳисоб рафта, нақши онҳо  дар таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ басо зиёд аст.

Тоҷикистон, ки дар саргаҳи манбаҳои муҳими обии   минтақа қарор дорад, кишвари танзимкунандаи маҷрои дарёҳо ва иқлим низ мебошад. Чуноне, ки маълум аст тибқи маълумотҳои коршиносон дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор пиряхҳои хурду бузург мавҷуд аст, ки масоҳаташон ба 11146,км2

баробар буда 8 дарсади ҳудуди кишварро дар бар мегирад.  Аз ин рӯ вазъи пиряъхҳои мамлакат ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор дорад. Бояд ёдовар шуд, ки ҳануз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи Эътилофи обу иқлим Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки «Обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истемоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад». Бо назардошти ин Президенти кишварамон пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо диққати ҷиддӣ  дода шавад.         

Боиси ифтихору сарфарозӣ ва сипосгузорӣ аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироанамудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви Созмони Миллаи Мутаҳид  ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтанд. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ин ташаббус панҷумин ташаббусест, ки аз  ҷониби Пешвои миллат пешниҳод ва аз ҷониби  Созмони Миллали Мутаҳид  қабул мегардад. Бешубҳа Қабули ин қатънома, яъне ташаббуси панҷуми Тоҷикистон дар симои Пешвои раиятпарвару башардӯсти он гувоҳи боз ҳам баланд гардидани обрӯю эътибори кишвари азизамон дар арсаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Вобаста ба ин масалаи муҳим Пешвои миллат чунин иброз медоранд, ки: «… тағирёбии глобалии иқлим  ба сифати яке аз мушкилоти муосир, пеш аз ҳама ба ҳолати пиряхҳо, захираҳои барф ва об таъсири манфӣ мерасонад. Ман оид ба ин масъала аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ борҳо таъкид карда будам. Ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк мекунад, ки коҳиш ва харобшавии минбаъдаи манбаҳои обҳои ошомиданӣ  дар сайёра метавонад аҳли башарро ба фалокатҳои зиёди ҷонӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор намояд. Аз ин лиҳоз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ лозим меояд, ки барои ҳалли ин масоили экологӣ ҳарчи зудтар чораҳои зарурии муштаракро таҳия ва татбиқ намоянд».

Вобаста ба ин гуфтаҳои боло Роҳбарони ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ аз пешниҳодҳо ва ташаббусҳои Сарвари давлати мо тоҷикон истиқбол ва пуштибонӣ мекунанд, зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳон бо ташаббусҳои фарогир ва нақшгузорӣ  дар ҳалли мушкилоти глобалӣ шинохта шудааст чунки ҳануз сентябри соли 2010 дар Маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмаи умумии Созмони Миллали Мутаҳид бахшида ба масъалаҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, Муовини Дабири Кулли Созмони Миллали Мутаҳид  Ша Теу Кан иброз доштанд:

«Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чемпиони ҷаҳон дар ҳаллӣ масоили глобалии вобаста ба об мебошад». 

Дар ҳақиқат бо шарофати сиёсати хирадмандона ба башардустонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар мекунанд, ки ин боиси шукргузорӣ аз хизматҳои шабонарӯзии ин абармарди дунёи сиёсат мебошад.

      Зиҳи Пешвои миллатдӯсту раиятпарвар!

          

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Салоҳиддин Мирзобаротзода