МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “КИШОВАРЗИИ ВИЛОЯТ”

Бохтар: Ҳисобот  
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Кишоварзии вилоят" маҷлиси ҳисоботӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳа баргузор гардид. Дар маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Давлатова Роҳила иштирок намуд.
Сипас, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Кишоварзии вилоят» Амирбеки Темур маҷлисро кушода, оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар семоҳаи аввали соли 2023 ҳисобот дода, вазифаҳоро барои фаъолияти минбаъда муайян намуд.
Ҳамчунин, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Давлатова Роҳила суханронӣ намуда, қайд намуд, ки мояи ифтихор ва сарафрозии мардуми шарафманди кишварамон мебошад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ бо ташаббусҳои созандаи худ ба ҳалли масъалаҳои обу экология нақши муассир доранд. Ин иқдомҳои Пешвои миллат аз ҷониби Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид ба хубӣ пазируфта шуд ва соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряҳо эълон гардид.