ФИРЕБУ НАЙРАНГ ҶИНОЯТРО РӮЙПӮШ НАМЕСОЗАД!

Бохтар: Вокуниш  

Роҳбарони ТТЭ ҲНИ аз рӯзҳои аввали ташкили ин ҳизби хиёнаткор дар ҷумҳурӣ минтақаҳои гуногуни Ватанро зидди якдигар душман сохта, дар натиҷа ҳазорон шаҳрвандони бегуноҳро ба қатл расониданд.

Ҳамзамон онҳо ТТЭ ҲНИ-ро ҳамчун ҳизби сиёсии ҷабрдида дар назди хоҷагони хориҷии худ вонамуд намуда истодаанд. Бо дастгирии баъзе давлатҳо хоинони ватан барои барҳам додани сохти конститутсионӣ таблиғи фарҳанги ба мо бегона, ба роҳ мондани ҷанги шаҳрвандӣ исботкунандаи суханони боло мебошад.

Ҳамаи ин амалҳои ноҷавонмардонаи хоинони миллати тоҷик маҳз аз минтақаи собиқ Қӯрғонтеппа оғоз ёфта, зарари ҷонию иқтисодиро шаҳрвандони ин минтақа дидаанд. Дар ин минтақа ҳарчанд тарафдорони наҳзатиҳо даст ба амалҳои терористӣ мезаданд, роҳбарони ТТЭ ҲНИ ҳамеша даъво менамуданд, ки бо ҷинояткорон робитае надоранд. Чӣ хеле дар урфият мегӯянд: «Бори каҷ ба манзил намерасад». Дар ин миён Муҳиддин Кабирӣ бо ҳамаслакони худ, баъд аз фош шудани фиребу найрангашон ба мақсад нарасиданд. Фаъолияти ТТЭ ҲНИ бар ивази ҷиноятҳои содирнамудаашон дар асоси қонунҳои амалкунанда қатъ гардонида шуд. Гарчанде, ки ТТЭ ҲНИ фаъолияташ қатъ гардонида шуда бошад ҳам, бунёди ҲНИ терористӣ ва зиддиинсони буд, то ба имрӯз аз ҳадафҳои разилии худ даст накашидаанд.

Чунончӣ, ҳама дар ёд доранд, ки соли 2015 мехостанд зурран ҳокимиятро ба даст оранд. Ё ин, ки аз тарафи шогирдони нохалафи онҳо соли 2018 амали терористиро зидди саёҳони хориҷӣ иҷро намуданд. Ба ҳаммаи шаҳрвандон маълум гашт, ки ташкилкунандагони ин хиёнатҳо ба халқу давлат Муҳиддин Кабирӣ, ҳамсафону хоҷагони онҳо ба шумор меравад. Ҳамаи мардум кирдорҳои ношоями онҳоро дар филмҳои «Хиёнат» тамошо кардану диданд.

Имрӯз низ мебинем, ки тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аъзо ва ҷонибдорони собиқ ҳизби наҳзат ва дигар гуруҳҳои ҷиноятпеша дар хориҷи кишвар ба беҳудагӯиву туҳмату бо роҳи бад ҳидоят намудани ҷавонон машғул мебошанд. Яъне аз кирдорҳои шуми худ ҳоло ҳам даст накашиданд. Марг ба душманони миллату давлати Тоҷикистон ба афроде, ки миёни мардум тафриқаандозӣ менамоянд.

Ҳиматов Амирҳамза - корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар.