ЁДОВАРӢ АЗ КОРНАМОИҲОИ МАРДОНИ САРБАЛАНД

Бохтар:  

Ҳар сол мардуми сулҳдӯсти сайёра, аз ҷумла мо - сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол даҳшати ин ҷанги хонумонсӯзро ёдоварӣ намуда, 9-уми майро ҳамчун санаи таҷлили корномаи мардони далеру шуҷоъ ба муқобили фашизми гитлерӣ ҷашн мегирем.

Дар ҳақиқат, Ҷанги дуюми ҷаҳон дар таърихи инсоният аз ҷумлаи фоҷиабортарин ҷангҳо ба ҳисоб рафта, оқибатҳои даҳшатбори он то ҳанӯз дар ҷисму қалби мардуми сайёра эхсос мегардад.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари родмардони тоҷик, ҳамчунин, занону куҳансолон ва наврасони кишварамон дар ақибгоҳ шабонарӯзӣ заҳмат кашида, дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ кумак мерасониданд ва саҳми шоистаи худро барои наздик овардани ғалаба мегузоштанд.

Мо дар оянда низ бо сарфарозӣ иброз хоҳем дошт, ки дар таъмини ғалабаи бузург дар баробари фарзандони дигар халқу миллатҳо ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон нақши арзишманд гузоштаанд.