ҶАМЪБАСТИ 3 МОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ОМОРИ ВИЛОЯТ”

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

       Санаи 7 майи соли ҷорӣ бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Давлатова Роҳила  дар ташкилоти ибтидоии “Омори вилоят” маҷлиси ҳисоботии 3 моҳи соли 2024 доир гардид.

        Сараввал раиси ташкилоти ибтидоӣ Ҳакимзода Қурбон дар назди аъзоёни ташкилот ҳисобот дода, қайд намуданд, ки ташкилоти ибтидоии “Омори вилоят” дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти назаррас намуда, оид ба амалӣ гардонидани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва корҳои назаррасеро анҷом додааст. Ҳамзамон оид ба тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлол, ҳифзи марзу буми кишвар ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ бо ҳамсафон ибрози андеша кард.

       Аз ҷониби мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Давлатова Роҳила  низ ба сухан баромада, бори дигар оид ба иҷрои саривақтии вазифаҳои ба уҳдадошта, тарзи ҳуҷҷатгузорӣ ва зиёд намудани сафи аъзоён андешаронӣ карданд.

      Дар ҷамъбаст ба чанде аз шахсоне, ки барои дохил шудан ба сафи аъзоёни ҳизби воқеан мардумӣ ариза пешниҳод намуда буданд дар фазои тантанавӣ бо шаҳодатномаи аъзои ҳизб сарфароз гардониданд.