ТОЗАГИИ МАҲАЛ ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ!

Бохтар:  

Бо мақсади ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту боғҳо, гирду атрофи биноҳои истиқоматӣ, майдону роҳравҳо ва фароҳам овардани шароит зиндагонии сокинон дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ширкати хонаҳо”- и шаҳри Бохтар баҳри ҷашн гирифтани “Иди Ғалаба бар фашизм” шанбегии дастаҷаъмона доир намуданд.

Аз ҷониби аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ширкати хонаҳо”- и шаҳри Бохтар, низди биноҳои истиқоматӣ, роҳраву кӯчаҳои шаҳр тоза карда шуд. Бояд ёдовар шуд, ки баргузории чунин корҳои ободонию созандагӣ аз тарафи аъзо ва ҷонибдорон, сокинони шаҳр пайваста бо як рӯҳияи баланди ватандӯстона гузаронида мешавад. Тозагии шаҳр вазифаи ҳар як сокини бонангу номуси он ба ҳисоб рафта, баҳри тозагии он бояд тамоми сокинон саҳми худро дареғ надоранд.