ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД!

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи сиёсати ғамхорона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ва дастуру супоришҳои Роҳбарияти КИМ ва вилоятии ҲХДТ дар арафаи Рӯзи ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо иқдоми Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Бохтар чорабинӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Давлатова Роҳила, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Бохтар Назарова Тутихон, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қосимова Солиҳа ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Алиев Зайнуллои 104 сола рафтанд.

Бояд тазаккур дод, ки Алиев Зайнулло 12 – ноябри соли 1925 дар деҳаи “Гули зиндон” – и ноҳияи Кангурт (ҳоло Темурмалик) таваллуд ёфтааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанист. Соли 1942 ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуда, дар ҳайати фронтҳои Ленинград ва Белоруссия ҷангида, дар муҳорибаҳои озод кардани шаҳрҳои Ленинград, Калинин, Молдова, Венгрия, Руминия иштирок кардааст.

Соли 1945 дар майдони муҳориба сахт маҷрӯҳ шуда, ба Тоҷикистон бармегардад. Солҳои зиёд дар колхози ба номи К.Маркси шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло шаҳри Бохтар) кор кардааст. Ҳамчун собиқадори меҳнат таҷрибаю малакаи худро баҳри рушди соҳаи пахтакорӣ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ сарф намудааст. Тавассути меҳнати ҳалолу зиндагии ибратбахшаш ҳамдиёрон ӯро ҳурмату эҳтиром менамоянд. Зайнулло Алиев барои хизматҳои шоёнаш бо ордени “Ҷанги бузурги ватанӣ дараҷаи дуюм”, медалҳои “Барои меҳнати шоён”, бахшида ба “40 – солагии Ғалаба”, “60 – солагии Ғалаба”, медали “Жуков”, “50 – салагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР” ва дигар мукофотҳо қадрдонӣ шудааст. Ҳамзамон аз ҷониби хонандагони “Литсейи болаёқат”-и шаҳри Бохтар шеъру сурудҳо дар васфи модар – ватан, сулҳу субот қироат карда шуд.