Аз ранги чой то сифати маҳсулоти ғизоӣ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Дар баробари фарорасии фасли гармо ва якбора баланд шудани ҳарорати ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон истеъмоли нӯшобаҳо ва хӯришу дигар маҳсулоти гӯштиву ширӣ ва ғизои муҳлати истифодааш кӯтоҳмуддат мавриди муҳокимаи умум қарор мегирад.

Сокинони закӣ бодарназардошти таъсири гармои беҳад ба маводи ғизоии тезтайёр ва маҳсулоти гӯштиву ширӣ дар баробари нишондоди санаи истеҳсоли маҳсулот, ҳамчунин ба тарзи бастабандию нигоҳдории он дар мағозаву дуконҳо аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд, зеро дар одитарин ҳолати ғайристандартӣ коркарду истеҳсол ва ё нигоҳдории маҳсулот он боиси хуруҷи ҳар гуна бемориҳои мавсимӣ шуда метавонад.
 

Ин аст, ки сифати маҳсулоти хӯрокворӣ ва пешгирӣ аз фурӯши маводи муҳлати истифодаашон гузашта аз мавзӯъҳои мубрами рӯз ба ҳисоб рафта, ҷиҳати пешгирӣ аз ин ҳолатҳо ва назорати ба бозор ворид нагардидани маҳсулоти ғайристандарӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят якчанд ниҳоди вобаста  фаъолият менамоянд. Тавре ҳамагон огаҳӣ дорем дар баробари коркарду истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ дар дохили кишварамон, ҳамзамон ба бозори истеъмолии мо молу маҳсулот аз кишварҳои хориҷ низ воридот мешавад.
 

Муроҷиати сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ С. Шаҳобиддинов  бобати сифати чойи хушки воридотӣ сабаб гардид, ки мо намунае аз бандчаҳои чойи хушкро, ки зери тамғаи “Lipton” дар мағозаҳои замонавӣ ба фурӯш гузошта шудааст, мавриди тадқиқ қарор диҳем. Зеро, ба қавли сокинон ин навъ чойҳо дар оби ҷӯшонидашуда тез ҳал шуда, ранги ниҳоят баланд дош-та, ҳамзамон тамъи каме тунд дорад.
 

Ба пиндори бонувон гарчанде, ки бастачаҳои чойи хушки навъи сиёҳ, ки дар қуттиҳои бо тамғаи Lipton баъди ҳал шудан дар обҷӯш ранги шабеҳи чойи оддӣ пайдо мекунад, аммо дар иловаи шаммаи он резаҳои нахли шабеҳи ҳино дида мешавад ва дар ҳоли ламс кардан ангуштон олудаи доғи сурх гашта, аз коркарди кимиёӣ шудани ин навъ чойҳои хушк дарак медиҳад.
 

Бо мақсади рӯшанӣ андохтан ба суолҳои сокинон, ки то куҷо чойи хушки воридотӣ ба солимии истеъмолкунандагон таъсири манфӣ намерасонад, мо бо як чанд бандчаҳои чойи хушки “Lipton” ба Маркази стандартизатсия, метрология сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Хатлон муроҷиат намудем. –Мутахассисони “Тоҷикстандарт” ташаббусҳои шаҳрвандиро вобаста ба санҷиши сифатнокии ину он маҳсулот  истиқбол гирифта, новобаста ба шакли муроҷиат дархости сокинонро амалан иҷро менамоянд, зеро пешгирӣ аз фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ ва назорати сифатнокии он танҳо вазифаи мақомотҳои назоратӣ набуда, балки ҳар нафар аз шаҳрвандони худогоҳ ҳуқуқ доранд, дар сурати мушоҳидаи ин гуна ҳолатҳо ба сохтори назоратии давлатӣ ва дигар идораҳои дахлдор муроҷиат намояд. Аз ин лиҳоз, пешниҳоди шаҳрвандон ҷиҳати озмоиши сифати чойи хушк шоёни таҳсин аст, ки мардум ҷиҳати пешгирӣ аз маҳсулоти бесифат таваҷҷуҳ доранд, – мегӯяд Аскарзода Робия Акрам, сардори озмоишгоҳи санҷишии маҳсулоти хӯрока ва нафти Маркази стандартизатсия, метрология сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Хатлон.
 

Баъди гузаронидани санҷиши сатҳии чойи хушки Lipton мутахассисони озмоишгоҳи маркази мазкур изҳорот доданд, ки маҳсулоти мазкур аз лиҳози сифатнокӣ ҷавобгӯи меъёрҳо мебошад, аммо тамъи андак тунди он боназардошти талаботи истеъмолкунандагони кишвари истеҳсолкунандаи чойи хушк аст,  ки бештар ҳамингуна маҳсулоти ҷойиро меписанданд.  

Ҳамин тавр, мо ба хулосаи Маркази стандартизатсия, метрология сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Хатлон  иктифо карда, ба маълумоти шаҳрвандони вобаста ба сифатнокии ин навъ маҳсулот шубҳадошта, расониданием, ки тибқи нишондоди мақомоти назоратӣ чойи хушки навъи сиёҳ зери тамғаи дар боло зикргардида аз лиҳози сифатнокӣ хуб буда, дар он рангҳои сунъи ва дигар маводи кимиёи илова карда нашудааст. Новобаста ба ин, масъулони озмоишгоҳи Маркази стандартизатсия метерология сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Хатлон аз сокинон даъват ба амал меоварад, ки дар сурати мушоҳида намудани молу маҳсулоти бесифат ё муҳлати истифодаашон гузашта ба ниҳоди назорати сифати маҳсулот муроҷиат намуда, дар пешгирӣ аз хариду фурӯши маҳсулоти ғайристандартӣ ва эҳтимоли оқибатҳои нохуш саҳмгузор бошанд.
 

Дар ҳоле, ки ҳарорати ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон аз 40 дараҷа гармӣ боло рафта истодааст, сокинонро мебояд, ки зимни хариду фурӯши маводи ғизоии муҳлати истеъмолаш кӯтоҳ ба нишондоди санаи истеҳсол ва шароити нигоҳдории он дар дукону мағозаҳо аҳамияти бештар диҳанд, зеро дар фасли гармо хавфи гирифтории шаҳрвандон ба бемориҳои вобаста ба истеъмоли маводи ғизоӣ зиёд мушоҳида мешавад. Аз суҳбат бо сокинони шаҳри Бохтар маълум гарид, ки бештари онҳо дар хариди маҳсулоти гӯштию ширӣ аз эҳтиёт кор мегиранд, яъне ин гуна маводи ғизоиро аз дуконҳои дорои яхдонҳо харидорӣ мекунанд.
 

Мутаассифона, зимни тадқиқоти рӯзноманигорӣ бештари фурӯшандаҳои мағозаҳои хӯрокворӣ изҳор доштанд, ки бе ризоияти соҳибони аслии мағозаҳо бо саволҳои  рӯзноманигорон ҷавоб нахоҳанд дод.  Ҳамзамон, баъзе фурӯшандаҳои мағозаҳои хӯрокворӣ иқрор меоянд, ки баъди гузаштани муҳлати истифода, маҳсулоти мазкурро аз фурӯш гирифта, ба хонаҳои худ мебаранд. Аммо мусоҳибони мо аз посух ба суоли “маҳсулоти гӯшту шири муҳлаташ гузаштаро ба чӣ кор истифода мебаранд”, худдорӣ намуданд.
Хулоса, дар шароити кунунӣ, ки аз як сӯ камчинӣ ва болоравии арзиши молу маҳсулот аз эҳтимоли ҷиддитари буҳрони иқтисодӣ дар саросари ҷаҳон дарак медиҳад, аз сӯи дигар, таъмини бехатарии маводи ғизоӣ ва пешгирӣ аз ворид шудани маҳсулоти ғайристандартӣ ба бозори истеъмолӣ моро водор менамояд, то ба хотири таъмини амнияти озуқворӣ дар кишвар дар ҳамаи самтҳои фаъолият муносибати ҷиддӣ дошта бошем. Зеро дар баробари дилгармии соҳибкорону тоҷирони вориду содироткунандаи молу маҳсулот, ҳазамон, ҳаққу ҳуқуқҳои истеъмолкунандагонро ҳимоя карда, аз хариду фурӯши молу маҳсулоти бесифат ва муҳлати истифоводаву истеъмолашон гузашта, пешгирӣ намоем. Бояд гуфт, ки дар самти ошкор ва пешгирӣ ва истеъмоли маҳсулоти ғайристандартӣ ҳар сокини кишвар бояд ҳисси масъулиятшиносӣ зоҳир намояд.

Ҷамолиддин УСМОНИЁН, рӯзноманигор.
Адиба НОДИРОВА, коромӯзи “Ҳамрози халқ”