БАРГУЗОРИИ ВОХӮРӢ ДАР ДОИРАИ ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ "СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ"

Ёвон:  

Дар доираи Нақша чорабиниҳои муштарак дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат бо кормандони соҳаҳои гуногун дар доираи эълон гардидани "Соли маърифати ҳуқуқӣ" ва ҳамчунин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9 марти соли 2024 баён доштанд, санаи 24 апрели соли равон таҳти раёсати роҳбари муовини раиси ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти Суди ноҳия дар толори маҷлисгоҳи Муассиаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 вохӯрии судманд бо аҳли фаъолони Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейн доир карда шуд.