Робитаҳои дӯстона бо мақсади рушди кишвар

Восеъ: Андеша  

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ талош бар он менамояд, ки бо ҳамаи давлатҳои дунё робитаҳои дӯстона дошта бошад. Тамоми муносибатҳои дипломатӣ то ба имрӯз ба он оварда расонид, ки сатҳи зиндагии мардуми мо ру ба беҳбуди ниҳод. Сафари кории Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба кишвари мо низ шаҳодати он аст, ки имрӯз ҳатто давлатҳои абрқудрат низ ба сиёсати созанда ва сулҳҷуёнаи давлати мо боварии комил доранд. 

Ман ҳамчун шаҳрванд баъди тамошои намоиши сафари кории Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба кишвари мо ифтихор аз он намудам, ки ин далати абарқудрат ба кишвари мо таваҷҷӯҳ дошта онро шарики стратегии худ унвон мекунад. Аз руи маълумотҳои овардашуда, маълум гардид, ки дар натиҷаи робитаҳои гуногун бо Федератсияи Русия нишондодҳои иқтисодии мо рӯ ба афзоиш мебошад.

Тибқи маълумоти гузошташудаи Агентии Миллии Иттилоотии Тоҷикистон  “Ховар”- “29 июн дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путинро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дошт, бо эҳтироми хоса ва самимона гусел карданд.

Ёдовар мешавем, ки меҳмони олиқадр, Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин 28 июн бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат мулоқоту суҳбати созанда анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардида, ҷонибҳо оид ба рушду густариш ва тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, табодули андеша карданд.

Бояд гуфт, ки натиҷаҳои ин сафар ва мулоқоти сатҳи олӣ барои идомаи бобарори шарикии стратегии Тоҷикистону Русия бар нафъи мардумони ду давлат хизмат хоҳад кард”. Ман эътимод дорам, ки баъди ин сафари расми ба кишвари мо дар соҳаҳои иқтисодиёт дигаргуниҳои мусби ба амал меояд. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша кушиш менамояд, ки барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар тамоми сармогузориҳоро ҷалб карда, тамоми соҳаҳоро ба кор дарорад. Аз ҷониби дигар дар натиҷаи робитаҳои дӯстона давоми 30-соли Истиқлолияти давлати дар кишвари мо шумораи корхона ва коргоҳҳо афзоиш ёфта сол аз сол шумораи ҷойҳои кори холӣ бештар мегардад. Дар шароити имрӯза мебояд, ки таҷрибаи дигар давлатҳоро омӯхта баҳри беҳбудии шароити шаҳрвандон чораҳоро амалӣ намуд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯзҳо аз минбарҳо оид ба кам шудани маводи ғизоӣ ҳарф мезананд, аммо баъди сафари кории Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бовар аст, ки кишвари мо аз ин мулоқот манфиат хоҳад бардошт.

 Сафаралӣ Мирзоев –муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ