ЗАРУРАТИ БАРДАВОМИИ МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

КИВ: Андеша  

Андеша, перомуни баргузории Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ таҳти унвони “Мактаби сиёсии Пешвои миллат”

Тавре ҳамагон огоҳӣ дорем, чанде пеш, аниқтараш санаи 24 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилояти Хатлон ба ифтихори 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии «Мактаби сиёсии Пешвои миллат», метавон гуфт,ки дар сатҳи бениҳоят оммавӣ ва ташкилию сиёсӣ баргузор гардид.

Бояд қайд намуд,ки дар кори конфронс дар баробари муовини якуми Раиси ҲХДТ муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, Раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Қурбон Ҳакимзода, олимону муҳаққиқон ва ходимони давлатию ҷамъиятӣ аз тамоми манотиқи кишвар, коршиносони сиёсӣ аз донишгоҳу донишкадаҳо, Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавӣ иштирок ва дар мавзуъҳои гуногун вобаста б талошу хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ё худ “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” суханронӣ намуданд. 

Конференсияи мазкур бо ҷалби дигар кормандони дастгоҳи КИМ ҲХДТ, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳазбӣ ва фаъолони ҳизб, алалхусус неруи бузурги кишвар насли ҷавон низ фаъолона иштирок намуданд.

Чӣ тавре,ки баромадкунандагон изҳор доштанд,ки мактаби сиёсии Пешвои миллат- мактаби миллии давлатдорӣ, таъмини ваҳдат ва суботи комили ҷомеаи Тоҷикистон, бунёди зерсохторҳои ваҳдати миллӣ, узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидани Тоҷикистон, эҳё ва меросбарӣ аз арзишҳои фарҳангиву таърихии миллат ва дигар дастовардҳо низ аз муҳимтарин комёбиҳое мебошанд, ки бо азму талош ва ҷонисориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.

Маҳз қайд карда шуд,ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи фаъолияташ собит сохт, ки метавонад ҷомеаро атрофи ғояҳои созандагиву бунёдкорӣ муттаҳид намуда, бо амалӣ гардонидани барномаҳои мушаххас халқи тоҷикро ба пеш, ба сӯи қуллаи мурод муваффақона раҳнамоӣ намояд.

Воқеан ҳам дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таъсири равандҳои манфии геополитикӣ ҳар як давлат ниёз ба қувваҳое дорад,ки тавоноии муттаҳид кардани халқро дар роҳи ҳалли масоили давлатӣ дошта бошанд.

Ва маҳз дар кишвари азизи соҳибистиқлоли мо омили муҳимтарини муттаҳидсози миллат ин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад,ки аз рӯзҳои аввали сарварии давлат даст ба корнамоиҳои бузург ниҳод ва бо ҳамин шуҳрати халқи Тоҷикистони азизу маҳбуб, минтақа ва ҷаҳониро соҳиб гардидааст.

Ман ҳамчун иштирокчии бевоситаи конференсияи мазкур аз баргузории ин чорабинии сатҳи баланди сиёсӣ таассуроти хело ҳам бою ғанӣ бардоштам.

Бовари дорам,ки аз суханрониҳои ҳар як шахсиятҳои бузурги кишвар, олимону муҳаққиқон ва ходимони давлатию ҷамъиятӣ аз тамоми манотиқи кишвар, коршиносони сиёсӣ аз донишгоҳу донишкадаҳо, Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, ба сатҳи худогоҳиву худшиносии ҳар як иштирокдорон таъсири мусбӣ расонида ва ҳадафи баргузории кори конфронси мазкурро дарк намудаанд.

Алалхусус, муҳтарам Холиқзода Абдураҳим - директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор яке аз мавзуъҳои калидии кори ин конфронсро дар даст доштанд гуем ҳам хато намекунем.

Чунки мавсуф, оиди масъалаҳои идеология ва ё мафкураи миллӣ ҳамчун василаи устувори муқовимат бо таҳдидҳои берунӣ, ки ин нуқтаро бояд ҳар як шаҳрванди худогоҳу худшиносӣ миллату давлатамон бархурдор бошад, назди иштирокдорони кори конфронс истода гузаштанд.

Чунки ин мавзуъест,ки ҳар як шунавандаро ба падидаҳое чун худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, дурӣ ҷустан аз бегонапарастӣ,арҷ гузоштан ба муқадассотҳои миллию давлатӣ ҳидоят менамояд.

Маҳз шунидани чунин суҳбатҳои волои инсондӯстонаю ватанпарваронаи устоди азиз доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Холиқзода Абдураҳим,ки бо таҳлилҳои чуқури таърихӣ бо овардани беҳтарин суханони муҳаққиқону таърихшиносон,ки ба тарбияи сиёсӣ ва маънавию фарҳангии сокинони кишвар таъсиррасонӣ мекунад, боиси аҳсану офаринҳо ҳастанд.

То тавонӣ аз лаби соҳибсухан файзе бубар,

Ин садаф аз ҳам ҷудо гардад, гуҳар ояд бурун.

Ҳамчунон устод Холиқзода Абдураҳим зимни суханрониҳояшон, бисёр як нуқтаи муҳимро аз Демокрит қайд намуданд,ки «Ҳар нафаре, ки дар баҳри мо шино мекунад, барои ӯ соҳили дигаре ҷуз соҳили баҳри мо вуҷуд надорад»,ки мафҳуми ин нуқта хело бузург буда айни ҳол ба хотири ягонагиии миллату якпорчагии Ватани азизамон, мо сокинони кишвар новобаста аз мансубиятҳои маҳалливу миллӣ, мансабу вазифаҳоямон онро бояд шиори фаъолияти хизматию зиндагиамон намоем.

Дуруст қайд намуданд,ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон , ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ таъсис ёфт, ҳамчун платформаи сиёсии давлат инъикосгари мафкураи сиёсии миллат баромад намуд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҷараёни сиёсати давлатсозии Пешво ва ташаккули миллати сиёсии Тоҷикистон нақши таърихиро иҷро намуд ва намуда истодааст.

Барномаҳои даврии ҳизб дар даврони интихоботи парлумонию президентӣ ва ҳадафҳои марказии ӯ ҳамовоз бо нияту омоли халқ ва сиёсати Пешвои он ба ваҳдат, оромӣ, рушд ва сатҳу сифати арзанди зиндагии ҳар шахс мутобиқ ва мувофиқ омада, ба дили мардуми Тоҷикистон роҳ ёфт.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон роҳи вазнини давлатсозиро ҳамчун ҳизби мардумӣ таҳти роҳбарии Пешвояш муваффақона тай намуд.

Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз имтиҳони нахустини сиёсии давлатсозӣ ва ваҳдатофаринӣ бо сарбаландӣ гузашт. Ҳизбро дар пеш имтиҳонҳои ҷадид ва боз ҳам мушкил бо муваффақиятҳои беназир интизор аст.

Устод Холиқзода А.Ғ. - директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, ҳамчунон зимни суханрониашон қайд намудаанд,ки :- “То имрӯз оини давлатсозии Пешвои миллат ва амалкардҳои сиёсии он кас дар роҳи муаррифии давлати демократии Тоҷикистон одилона будани кишвари мо ва роҳбари моро дар дохил ва хориҷи мамлакат собит намудааст. Муҳим он аст, ки ин оин ва ин хатти таҳияшуда бояд бонизом ва бомаром дар доираи манфиатҳои миллат рушд ва такмил дода шавад. Қадами муҳим ва асосӣ дар ин чода шинохти дуруст, омӯзиши касбӣ ва илмии ин шоҳроҳ дар шакли мактаб ва оини хосаи давлатдории миллист, ки дар саргаҳи он фарзанди қаҳрамони миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон истодааст. Зарурати дарк ва ҳазми ин мактаб дар асл барои шахсият не, балки барои миллат ва давлати Тоҷикистон ва бардавомии он ногузир аст. Зеро зиндагӣ ва фаъолияти ин шахси бузург таърихан ба тақдири миллату давлат тавъам шудааст.” ва ҳақ ба ҷониби ӯст.

Зеро ғояҳои олии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки саросари ҷомеаи оро имрӯзҳо торафт бештар фаро мегирад, ормони азалӣ ва ҷамъиятии халқи бунёдкори мо маҳсуб мешавад.

Бо татбиқи ҳарчи бештари ғояҳои миллӣ ва созандагӣ пояҳои давлатдории миллии мо ҳамон андоза мустаҳкам гардида, боиси болоравии камолоти маънавии мардум мегардад.

Дар ин росто нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун як сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ дар таҳкиму устувории пояҳои Ваҳдати миллӣ басо арзишманду назаррас арзёбӣ намудан ба маврид аст.

Зеро Пешвои миллат бо иродаи шикастнопазирии худ, таҳдиду хатарҳои гурӯҳҳои ифротии он замон, муборизаҳои дохилӣ, гуфтушунидҳои дарозмуддат ва интизориҳои зиёд бо сабру таҳаммул тавонист дар кишвар ваҳдати сартосариро таъмин намояд.

Агар Сардори халқе бошад одил,

Гурезад душманӣ аз байну аз дил.

Физояд меҳру шафқат кин шавад гум,

Шавад боақлу боандеш мардум.

Барои он ки мардум ин ҷавҳари идеологиро дарк намояд, бояд иқдомҳои густурдае чӣ дар сатҳи баланди давлатӣ ва чӣ дар ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо сурат гиранд.

Хулоса пешниҳоде дорем,ки аз ҳисоби ҳамин устодони азиз, шахсиятҳои бузургу соҳибназарони оқили кишвар,ки дар ҷараёни кори конфронси мазкур суханронӣ намудаанд, ба хотири боз ҳам баланд бардоштани руҳияи худшиносию худогоҳии мардум, алалхусус фаъолони ҳизбӣ ба шаҳру ноҳияҳои Хатлон сафарҳои хизматӣ анҷом дода аз наздик бо аҳли ҷамоатчигии шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯрӣ ва мулоқоту суҳбатҳои судмандро роҳандозӣ намоянд. 

 

 

 

 

 

 

 

Муҳаммаддовуд Ҳалимзода-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ