МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Данғара: Андеша  

Бо ифтихороти Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соли 3-юм аст, ки Конференсияи байналмилалии  илмию амалӣ “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” , дар вилояти Хатлон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон баргузор мегардад, ки дар он Конференсия зиёда аз 80 – мақолаҳои илмии олимону муҳақиқон пешниҳод гардида, мавриди баррасии олимони сиёсатшиносии дохилӣ ва хориҷӣ қарор дода мешаванд. Маротибаи аввали баргузории Конференсияи байналмилалӣ “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” дар Донишгоҳи давлатии Данғара баргузор карда шуд, ки дар кори Конференсия, олимон аз Полша, Украина, Россия ва дигар кишварҳо низ бо тариқи онлайн ширкат варзида буданд. Аз ин лиҳоз қайд карданиам, ки рӯз аз рӯз Пешвои миллат, таҷрибаю иқдомҳои сулҳофаринашон дар арсаи ҷаҳони мутамаддин баланд гардида, таҷрибаю мактаби сиёсии  ин марди фидоии миллат, аз тарафи кишварҳои тараққи кардаи дунё омӯхташуда, баҳои баланд гирифтаанд. Конференсияи байналмилалии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат”, ки санаи 24.06.2022, дар шаҳри Бохтар баргузор карда шуд, дар кори Конференсия зиёда аз 80 – мақолаю маърузаҳо аз тарафи олимону муҳақиқон пешниҳоди иштирокчиёни Конференсия намуданд. Дар кори Конференсия аз КИМ ва муовини аввали Раиси ҲХДТ, муҳтарам Азизӣ Абдуҷаббор , муовини Раиси ҲХДТ  Хайриниссо Юсуфӣ, раисони Кумитаҳои иҷроияи ноҳияҳои марказ ва Кумитаҳои иҷроияи шаҳру навоҳии вилояти Хатлону Бадахшон иштирок варзиданд. Дар корӣ Конференсия олимон бо мақолаю андешаҳои пешниҳодкардаашон нисбати корнамоию ҷонисорию фидоӣ будани Пешвои миллати худ суханронӣ карда, иброз доштанд, ки дар воқеъ ин мактаби пуршарафи “Пешвои миллат” то ба ҳол пурра омухта нашудааст ва барои боз ҳам саҳеҳ ва чуқур омӯхтан паҳлуҳои таҷрибаи  “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” вазифадорем. Чорабинии мазкур дар сатҳи олии асоснок илмӣ баргузор гардид ва мо ҳизбиён як таасуроти хубе бардоштему дар фаъолияти кории ҳаррӯзаи худ истифода хоҳем кард. Аҳсан ба баргузоркунандагони чорабинии “Мактаби сиёсии Пешвои миллат” зеро  Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ иброз мекунанд, мо ба қадри бузургии бузургон дар давраи зиндагиашон бирасем . Ҳамин аст рисолаи ҷавонмардӣ.

КАРИМЗОДА Пирмуҳаммад Авғон – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара.