Панди рӯз

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Падари бузургворам ҳикоя карда буданд:
Дар мадрасаи Мири Араб толибилмон илм меомӯхтанд. Ба онҳо аз хазинаи подшоҳ маош дода мешудааст, аммо миқдори он толибилмонро қонеъ намекардааст.
Рӯзе яке аз онҳо мегӯяд: – Рафиқон, мо ҳама аз деҳаҳои дурдасти Аморати Бухоро ҳастем, аз оилаамон ёрии моддӣ намегирем, маоши ба мо додаистода ба ду ҳафта ҳам намерасад. Бояд ба назди Амир равем ва арзи худро изҳор кунем.
Рӯзи дигар ҳама ба даргоҳи подшоҳ рафтанд. Аҳли дарбор толибилмонро қабул кард. Амир дар ҳайрат монд, ки бо чӣ сабаб толибилмон ба дарбор омаданд. Сардори толибилмон арзи аҳли ҷамоаро изҳор кард: – Мо аз деҳаҳои дурдаст барои илм гирифтан омадем, аз оилаҳоямон ёрии моддӣ нест, маоше, ки шумо медиҳед, ҳамагӣ ба ду ҳафта мерасаду халос, мехостем, ки маоши моро зиёд гардонед.
Амир аз вазираш пурсид: – Мо чанд толибилм дорем?
–Бист нафар.
–Дар ин ҷо чанд нафар?
Мешуморанд, ки ба дарбор нуздаҳ нафар толибилм омадаанд.
–Канӣ толибилми бистӯм?
–Ӯ дар ҳуҷрааш дарсҳояшро омода карда истодааст.
–Равед, ба зудӣ ӯро ин ҷо биёред.
Ходимони дарбор толибро ба назди амир оварданд.
Амир пурсид:
–Исми шарифат чист?
–Абдулло.
–Бисёр хуб, ту аз куҷо ҳастӣ?
–Аз Самарқанд.
–Барои чӣ ту дар мадраса мондиву ҳамроҳи шарикдарсонат ба дарбор наомадӣ?
–Ба ин эҳтиёҷ набуд.
–Чӣ тавр? Шариконат мегӯянд, ки маошашон ҳамагӣ ба ду ҳафта мерасаду дар ду ҳафтаи боқимонда онҳо хӯрокворӣ надоранд. Ту аз оилаат ёрӣ мепурсӣ?
–Ҷаноби олӣ, гуноҳи маро бубахшед, ман аз оилаи косиби миёнаҳол ҳастам. Падарам ба ман ёрӣ расонида наметавонанд. Пеш аз ба Бухорои Шариф омаданам, падари бузургворам гуфта буданд: “Он чӣ дар даст дорӣ, бо тадбир сарф кун, то мӯҳтоҷи мардум нашавӣ. Худатро дар чашми дигарон беарзиш макун. Аз дахолат кардан ба корҳои пучу бемаънӣ худдорӣ намо. Писарам, ту барои илм омӯхтан меравӣ, ба душвориҳои моддию маънавӣ тоқат карда тавонӣ, соҳиби илм мешавӣ.”
Аз рӯйи гуфтаҳои падарам, ман пасту баланди рӯзгорро омӯхта истодаам. Маошеро, ки шумо медиҳед, ба сӣ рӯз тақсим мекунам ва ҳар рӯз рӯйи нақша сарф мекунам, аз ҳамин сабаб муаммои моддӣ надорам.
–Офарин ба ту ва падари бузургворат! – гуфт Амир ба он толиби илм ва суханашро давом дода, ба боқимондагон муроҷиат кард:
–Ба шумоён ҳуҷра додем, аз хазинаи давлат маош медиҳем, ки илм омӯзед. Бо ин беқаноатӣ ва ношукрӣ аз шумо чӣ хел олим мебарояд? Дар вақтҳои холӣ ҳунар омӯхта, ҳаёти худро беҳтар гардонед! Таҷрибаи пандомӯзи бародаратон Абдуллоро омӯзед ва аз ин хулоса бароред!
–Хазинабон! Ба Абдулло ибни Азим инъоме ба миқдори даҳ маош дода шавад. Аз моҳи оянда маоши ӯро ду баробар зиёд кунед, - фармон дод Амир.
–Аллоҳ сабркунандагон ва сарфакоронро дӯст медорад ва ба онҳо хазинаи ғайбаш рисқ медиҳад, гуфта буданд падарам, дуруст будааст, –гуфт Абдулло.

 Аз саҳифаи фейсбукии дӯстон

16.06.2022