КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид  ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “Хона ба хона”, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррамгардонии ҳар гӯшаи диёр, ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ва дигар масъалаҳои мубрам масъулини Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Носири Хусрав дар ҳамоҳангӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳи корӣ ташкил намуда, пайваста миёни аҳолии ноҳия мулоқот ва вохӯриҳои судманд доир намуда истодааст.

  Санаи 25 апрели соли 2024 кормандони ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар якҷоягӣ бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии   корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули “Хона ба хона” ба роҳ монда, оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, ба роҳ мондани кишти такрорӣ, даъват ба корҳои созандагӣ, риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  бо аҳолӣ  сӯҳбат анҷом доданд.