ОБОДИИ ВАТАН - МАРОМИ МОСТ

Бохтар: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани ҳар як гӯшаи диёри азизамон, имрӯз аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Боғбунёд”-и шаҳри Бохтар, роҳраву гулгаштҳои шаҳрро аз алафҳои бегона тоза намуданд.
Ҳамзамон, аз ҷониби аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизии “Боғбунёд”- и шаҳри Бохтар ҳар рӯзи шанбе ба ҳашарҳои дастаҷаъмона баҳри ободии шаҳри азизамон баромада кӯчаҳою хиёбонҳои шаҳрро тозаю озода менамоянд. Бояд қайд намуд, ки тозагии маҳал вазифаи ҳар як шаҳрванд буда, баҳри он бояд бетарафӣ набояд кард.