МОДАРИ ШУҶОЪИ ВАТАН

Қубодиён: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар доираи ташаббуси ҳизбии "Сарбози ихтиёрӣ" вобаста ба ҷалб намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даъвати баҳории соли 2024, аз ҷониби Кумита иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва падару модарон як қатор суҳбату вохуриҳоро баргузор карда шудаанд.

  Санаи 25-уми апрели соли 2024 мудири Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Қубодиён, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии САҲШ майори адлия Саидзода Садбарг ихтиёран фарзанди худро ҳамчун сарбози ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизмати Модар-Ватанро фиристонд. 

 

Саидзода Муҳаммадалӣ Азизович баъд аз хатми донишгоҳ бо хоҳиши худ ва бо иҷозати волидон бо сари баланд  сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар  шуд.

Зикри дили ман ҳамеша номи Ватанаст,

Авроди забони ман каломи Ватан аст.

Ман восифи ишқи Ватани маҳбубам,

Феҳристи китоби ман мароми Ватан аст.

 

Бояд мо ҷавонон ҳамавақт барои адои хизмати модар Ватан тайёр бошем.