ИДОМАИ ТАШАББУСҲОИ ҲИЗБИ ЗЕРИ УНВОНИ "ҲХДТ-ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР"

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ҳамкори бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ҳар рӯзи панҷшанбе тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Ёвон, аъзои фаъоли ҲХДТ ба таври оммавӣ Аксияи ҳизбиро зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва бунёдкор" бахшида ба 30 - солагии ҲХДТ ҳамчун рӯзи ободониву созандагӣ" дар сатҳи баланд баргузор менамоянд.

Имрӯз аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шараф” дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх шанбегии дастаҷамъона доир намуданд, ки барои тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи деҳа ба ҳашари дастаҷамъона баромада, гирду атрофи деҳаро аз партовҳо ва роҳраву гулгаштҳоро аз алафҳои бегона тоза намуданд.