НАҲЗАТИҲО БА ҲАЛҚИ МО БАДБАХТӢ МЕОРАНД

Кушониён: Вокуниш  

Душманони миллати тоҷик ором намешаванд. Ба монанди ТТЭ ҲНИ ва Гурӯҳи-24 ки бо тарҳу барномаҳои муғризона мехоҳанд Тоҷикистонро боз мисли солҳои навадум ба майдони хунрезиҳо табдил диҳанд. Аъзои ТТЭ ҲНИ ва роҳбарашон Кабирӣ хуб медонанд, ки гуноҳашон дар назди миллат хеле вазнин аст. Бинобар ин, ба хотири ҷуброни маблағҳои аз хориҷа ба даст овардааш Кабирӣ маҷбур гаштааст, ки дар байни баҳри беканори хиёнат монад. Наҳзатиҳо ҳоло ҳам беватан дар хориҷӣ кишвар пуштибони аз Исломро шиори худ намуда, мехоҳад таҳти ҳамин шиор тоҷикону тоҷикистониёнро бадном намояд ва аз ин ҳисоб соҳиби маблағу сарпаноҳ гашта, ҳаёт ба сар барад.

Мардуми Тоҷикистон ба идеологияи ТТЭ ҲНИ хуб ошно гардид ва пайомадҳои талхи онро дар солҳои навадум дид. Маълум гашт, ки он идеология ба ҳалқ ба ҷуз бадбахтӣ ҳеҷ чизи дигар дода наметавонад. Солҳост шоҳидем, ки дар давлатҳое, ки азҳобҳо ва ҳизбҳои динӣ бо мазҳабҳои худ фаъолияту талоши ба сари қудрат расиданро доранд, дар он давлатҳо фақат кашмакашиву ихтилофҳо ҷой доранд.

Дар сомонаҳои интернетӣ аъзои ташкилоти террористӣ- экстремистии ҲНИ дар  ҳар кунҷи олам, ба мисли сагҳои дайдуе, ки баъд аз фаро расидани шаб гурусна мемонанд улас мекашанд, мардуми баору номуси миллати тоҷикро ба иғво андохта, хабарҳои дурӯғро паҳн кардан мехоҳанд, ки тинҷию оромии Тоҷикистони азизамонро халалдор созад. Бешубҳа истифодабарандагони ин сомонаҳои интернетӣ як ё ду аъзои ташкилоти террористӣ – экстримистии ҲНИ буда, сомонаҳои интернетии сохта доранд, ба мисле, ки аз як баландгӯяк садо мебарорӣ дигар баландгӯяк низ садо медиҳад.

Мо, ҷавонон аз воситаҳои электронӣ фаровон истифода менамоем ва хуб ҳам огоҳем, ки имрӯз дар давлатҳои дигари ҷаҳон бо иштироки гурӯҳҳои гуногуни ҷамъиятӣ чӣ ҳодисаву воқеаҳои нангин рух дода истодааст. Афсӯс, ки байни онҳо ҳамсолон, ҳамватанони мо низ ҳастанд. Баъзан андеша мекунем, ки онҳо бо кадом фикр ба ин роҳ ба доми фиреби ифротиён афтодаанд. Наход, огаҳӣ надошта бошанд, ки оқибати чунин амалҳои ғайриинсонӣ бо пушаймониву марг анҷом меёбад.

Иғвогарону дассисабозон дурӯғу буҳтонро ба рӯи коғаз оварда, халқи тоҷикро ба иғво наандозед! Шарм доред!

Ҳар як фарди тоҷикистонӣ алалхусус ҷавононро зарур аст, ки имрӯз бо ваҳдати комил, дӯстиву бародарӣ, якдиливу якмаромӣ баҳри ободии Тоҷикистон хизмат намоем ва ба қадри хушбахтии миллат бирасем. Ҳар нафаре, ки ҳисси баланди ватандориву ватандӯстӣ дорад ва фарзанди асили модари тоҷику тоҷикистонӣ аст, бояд донад, ки барои чунин ашхос дар байни мо ҷой нест ва нахоҳад буд.

Махсумов Зариф, директори муассисаи таълимии №43