“ҲХДТ- ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР"

Данғара: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар заминаи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба сарсабзу хуррамгардонии Ватани азизамон ва дар асоси нақша - чорабиниҳои таҳрези намудаи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва кумитаи ноҳиявӣ бо мақсади сарсабзу хуррам гардонии муҳити зист ва корҳои ободониву созандагӣ ҳар ҳафта аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ- ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР" баргузор карда шуда истодааст, ки аъзоёни ҳизб саҳми муборизи хешро гузошта истодаанд.

Дар аксияи мазкур масъулини ҳизбӣ бо руҳияи баланди арҷгузори ба Ватан ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолона ширкат варзида, ба тоза намудани гирду атроф аз алафҳои бегона, нарм намудани зери дарахтон ва шинонидани гулу гулбутаҳо дар мавқеи муайян гардида машғул гаштанд.